Субҳониддин Ашӯров
Ашӯров Субҳониддин Бурҳонович | |
Таърихи таваллуд | 15 май 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Субҳониддин Ашӯров (Ашӯров Субҳониддин Бурҳонович; 15 майи 1959, деҳаи Чилгазӣ, ноҳияи Исфара) — доктори илмҳои иқтисодӣ (2012), профессор (2015).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1978 факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба поин оварда, дар Пажӯҳишгоҳи математикаи АИ Тоҷикистон ҳамчун лаборанти калон ба фаъолият мепардозад. Солҳои 1981—1985 коромӯз ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи математикаи АИ Украина, 1986—1990 корманди илмии Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 1991—1995 мудири кафедра ва декани факултаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, директори филиали он дар Хуҷанд, 1995—1997 докторанти ДМТ, 1997—2002 муовини раиси Кумита оид ба корҳои ҷавонони назди Ҳукумати Тоҷикистон, 2003—2010 муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, 2010—2012 раиси ш, Исфара буд. Аз соли 2013 мудири кафедраи иқтисоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад. Оид ба сиёсати давлатии ҷавонон ва вазъи кунунию дурнамои он, рушди захираҳои кории ҷумҳурӣ, ташкилу танзими бозори меҳнат дар манотиқи гирифтори бекорӣ, омӯзиши касбии аҳолии қобили меҳнат ва дигар масоили марбута беш аз ҳафтод таълифот ба табъ расондааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Эквивалетность и минимальность части корневых функций дифференциальных оператов второго и четвертого порядков. — Киев., 1985;
- Тақвияти заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва кадрии сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳалҳо. — Д., 2001;
- Қонуни асосии ҷавонони Тоҷикистон: ҳолат ва пешомадҳои татбиқи он. — Д., 2002;
- Государственная молодёжная политика: состояние и перспективы. — Д., 2002;
- Проблемы и перспективы професионально — технического развития трудовых ресурсов Таджикистана. — Д., 2007;
- Профессиональное обучение взрослых в Республике Таджикистан: адабтация рабочей силы к потребностям рынка труда. — Д., 2009;
- Формирование и регулирование рынка труда в трудоизбыточном регионе: теория и практика. — Д., 2012.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 72-73
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 15 май
- Зодагони соли 1959
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Исфара
- Докторони улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон