Субҳон Саидов
Таърихи таваллуд | 1960 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 4 июл 2016 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Ҳисор, Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Субҳони Саид (Субҳон Саидов; 1960, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 4 июли 2016, ноҳияи Ҳисор, Тоҷикистон) — овозхони маъруфи тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Субҳони Саид дар моҳи сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, таълими 8-соларо дар зодгоҳ фаро мегирад. Се сол дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ таҳсилро идома медиҳад. Солҳои 1979 то 1981 хидмати сарбозиро дар шаҳри Маскав ба поён мебарад.
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор, соҳиби 7 писар. Субҳони Саид дар навори охиринаш гуфта буд, аз соли 2002 аз завҷаш ҷудо шуда ва чор писарро ба танҳоӣ бузург кардааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти меҳнатиро баъд аз аскарӣ дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ба ҳайси киномеханик оғоз менамояд. Солҳои 1983 то 1985 дар ҳайати ансамбли эстрадии “Суғдиён” ба фаъолият мепардозад. Соли 1986 барои кор ба дастаи ҳунарии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатӣ даъват мешавад. Аз соли 1993 то соли 2008 раёсати дастаи ҳунарии “Гулшан”-ро бар уҳда доштааст[1].
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи даҳҳо оҳангу сурудҳои эстрадӣ ва мардумист. Маҷмӯи таронаҳояш дар 10 албом гирд оварда шудаанд, аммо гуфта мешавад[2], сурудҳоеро, ки дар бистари беморӣ хондааст, ду албоми дигарро пурра хоҳанд кард. Охирон суруде ки дар хонааш сабт шудааст бо номи "Ачаб дунё пурасрораст" [3] мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2003 дар озмуни сартосарӣ миёни овозхонҳои эстрадаи тоҷик бо касби мақоми аввал “Ситораи сол” эълон мешавад.
Субҳони Саид, овозхони маъруфи тоҷик пас аз танаффуси чандсола боз рӯи саҳна омад ва боз ҳам хотири мухлисону ҳаводорони худро бо сурудҳои ҷаззобу шуниданӣ шод месозад.Моҳи июни соли 2011 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Субҳони Саид ҷоизаи "Беҳтарин сарояндаи эстрада"-ро сазовор донист.
Беморӣ ва даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Субҳон Саид, ки солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мебурд ва бар асари ин беморӣ як пойи худро аз даст дода буд. Аз сабаби ҳамвора бемор будан, барномаҳои консертиаш солҳои охири ҳаёташ кам баргузор мешуд.
Субҳони Саид 4 июли 2016, баъди панҷ рӯзи дар беморхона бистарӣ будан, аз дунё чашм пӯшид. Маросими ҷанозааш 5 июл дар ҷамоати Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор гардид[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Даргузашти Субҳони Саид, овозхони шинохтаи тоҷик » Озодагон(тоҷ.). www.ozodagon.tj. 2 Январ 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Субҳони Саид ин ҷаҳонро тарк кард(тоҷ.). javonon.tj. 2 Январ 2018 санҷида шуд.
- ↑ Subhon Said. Субҳони Саид - Ачаб дунё пур асрораст (охирон таронахое ки сабт шудааст ) (23 феврали 2016). 2 Январ 2018 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Канали Субҳон Саид дар Ютуб. Subhon Said. YouTube. 2 Январ 2018 санҷида шуд.