Манғития
Манғития, сулолаи Манғития — сулолаи ҳукмрони давлати аморати Бухоро дар солҳои 1753-1920.
Забти хонигарии Бухоро аз ҷониби Нодиршоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо фаро расидани давраи бесарусомонии сиёсӣ ва таназзули иқтисодӣ дар давлати Аштархониён ҳуҷуми қӯшунҳои шоҳи Эрон – Нодиршоҳ ба Бухоро оғоз гардид. Ин ҳуҷум боиси таназзули давлатдории сулолаи Аштархониён ва ба сари қудрат омадани сулолаи Манғития гардид. Солҳои 1736 – 1737 писари Нодиршоҳ – Ризоқулихон бо ҳидояти падар бо қӯшуни сершуморе аз дарёи Аму гузашта ба ҷониби Қаршӣ рафт. Ҳокими Қаршӣ – Муҳаммад Ҳакимбий қӯшунҳои худро бо қӯшунҳои ҳокими Самарқанд Одинақулбий як карда, бо ёрии хони Хоразм Илбарс ва сардории хони Бухоро Абулфайзхон бар Ризоқулихон ғалаба карданд. Пас аз мағлубияти писари худ Нодиршоҳ с. 1740 ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, қисми зиёди заминҳои хонигарии Бухороро забт кард. С. 1745 дар хонигарии Бухоро ҷангҳои дохилӣ ва исёни мулкҳои ҷудогона афзуданд. Баҳри барқарор сохтани тартибу низом дар қаламрави хонигарӣ писари Муҳаммад Ҳакимбой – Муҳаммад Раҳимбий (сулолаи Манғития) фиристода шуд. Баъди вафоти Муҳаммад Ҳокимбий (1743) Нодиршоҳ ба писари ӯ – Муҳаммад Раҳимбий унвони «амирулумаро» (амири амирон) дода, дар умури давлатдорӣ аз ваколатҳои зиёд бархурдор сохт. Тобистони соли 1747 дар наздикии Машҳад Нодиршоҳ аз дасти ҷияни худ – Алиқулихон ба қатл мерасад.
Сари қудрат омадани сулолаи Манғития
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз марги Нодиршоҳ Муҳаммад Раҳимбий дар қасди барканор кардани Абулфайзхон шуда, 26 июни с. 1747 ӯро дар мадрасаи Мири Араб қатл кард. Бо ин амал Муҳаммад Раҳимбий ба укмронии сулолаи Аштархониён хотима гузошта, худ ҳокими комилҳуқуқи хонигарии Бухоро гашт. Бо сабаби ба авлоди чингизиён тааллуқ надоштанаш Раҳимбий унвони хониро қабул накард. Барои қонунӣ гардондани ҳокимияти худ ӯ ба тахт писари хурдсоли Абулфайзхон – Абулмуъминро шинонда, духтарашро ба никоҳи ӯ даровард. Дере нагузашта бо туҳмати духтари худ Абулмуъминро ба чоҳ андохта қатл намуд. Пас аз ин бародари Абулмуъмин – Убайдуллоро, ки кӯдаки дар гавҳора буд, ҳоким таъйин намуд, вале дере нагузашта ӯро низ ба қатл расонд.
Таъсисёбии Аморати Бухоро
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1753 Муҳаммад Раҳимбий бо дастгирии рӯҳониён ва намояндагони бонуфузи савдогару косибон ба сари ҳокимият омад ва ба ҳукмронии сулолаи Манғития (1753-1920) асос гузошт. Ӯ ба ҷойи унвони «хон» унвони «амир»-ро қабул мекунад. Бо ин амалаш ӯ қайд карданӣ буд, ки ҳокими яке аз вилоятҳои давлати ягонаи исломӣ мебошад ва ҳокимияти хониро нисбати худ намепазирад. Пас аз ин амал касе ин унвонро ба ғайри ҳокимони хонигарии Бухоро соҳиб намешуд ва хонигарии Бухоро Аморати Бухоро номида мешавад.
Ҳукмронии амир Муҳаммад Раҳимбий
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои ҳукмронии Муҳаммад Раҳимбий (1753 – 1759), пешвои қабилаи манғит Муҳаммадраҳимбӣ, ки аввал бо кумаки Нодиршоҳи эронӣ волии Бухоро шуда буд, Абдулфайзхонро (охирон хони сулолаи Аштархониён) бо ду писараш ба қатл расонид ва бо ҳимояти табақаи ашроф ва рӯҳонӣ ба тахти хонии Бухоро нишаста, дар соли 1753 ба силсилаи Манғития (1753 -1920) асос гузошт. Соли 1756 ӯ худро хон эълон кард.[1] Феодалони калону сардорони қабилаҳоро ба идораи давлат наздик намемонд, ҳокимони вилоятҳоро аз наздикони худ таъйин мекард. Дар ин давра ҳаракати баъзе мулкҳои Бухорои Шарқӣ, Ӯротеппаву Хуҷанд барои мустақилият пурзӯр мешавад. Аз ин рӯ Муҳаммад Раҳимбий ба таъсиси артиши пурзӯр оғоз кард, ки асосан аз афғонҳои дар хидмати Нодиршоҳ буда иборат буд. Ӯ дар давоми ду сол бар зидди феодалҳои исёнгар мубориза бурда, онҳоро бераҳмона ҷазо медод ва дар натиҷа 92 қабилаи ӯзбекро ба худ тобеъ сохт. Муддати зиёде Муҳаммад Раҳимбий бо қувваҳои ҳарбии муттаҳидаи Ҳисор, Қубодиён, Ургут, Панҷакент ва Ӯротеппа ҷангид. Дар давоми ин ҷангҳо, хусусан, Панҷакент осеби зиёде дида, аксари шаҳрвандонаш қатл шуда, боқимондаро асир гирифта ба Бухоро бурданд. Муҳаммад Раҳимбий аз ин ҷангҳо фоидае надида, шахсони бонуфузи қабилаҳоро ба тарафи худ ҷалб мекунад, ба онҳо вазифаҳои олӣ ва миёна ё ваколатномаҳо медод. Дар ҳукумати Муҳаммад Раҳимбий эрониҳое, ки пас аз рафтани қӯшунҳои Нодиршоҳ боқӣ монда буданд, нуфузи калон доштанд. Муҳаммад Раҳимбий онҳоро ба вазифаҳои баланди ҳарбӣ, ҳатто вазифаҳои қушбегӣ (Давлатбий) ва қозӣ (Сайид Низомиддин) таъйин мекард. Сиёсати мутамарказонии Муҳаммад Раҳимбий ба болоравии кишоварзӣ ва каме тараққӣ намудани тиҷорат, савдо ва касбу ҳунар мусоидат кард. 13 марти соли 1759 Муҳаммад Раҳимбий вафот кард. Аз сабаби надоштани писар пеш аз вафот ба ҷойи худ ҷиянаш – Дониёлбийро (1758-1785) таъйин кард.[2]
Амирони сулолаи Манғития
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммад Раҳимбий (Амир)
- Дониёлбий (Амир)
- Шоҳмурод (Амир)
- Ҳайдар (Амир)
- Ҳусайн (Амир)
- Умар (Амир)
- Насруллоҳ (Амир)
- Музаффар (Амир)
- Абдулаҳад (Амир)
- Муҳаммад Олим Хон (Амир)[3]