Султонмаҷид Ғанизода
озарбойҷонӣ: Sultan Məcid Qənizadə | |
Таърихи таваллуд: | апрели 1866 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 22 март 1938[1] (71 сол) |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, омӯзишгар, сиёсатмадор |
Забони осор: | озарбойҷонӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Султонмаҷид Ғанизода (апрели 1866, Шамохӣ, губернияи Боку[d][2] — 22 март 1938[1]) — луғатнигор, ходими маориф ва нависандаи форсизабони Озарбойҷон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобояш Масеҳи Шервонӣ шоир буд. Аз ин рӯ Султонмаҷид Ғанизода асарҳои бадеияшро бо тахаллуси Масеҳзода менавишт. Соли 1883 ба Институти омӯзгории ба номи Александрови ш. Тифлис (Гурҷистон) дохил шуда, пас аз хатми он (1887) дар мактабҳои русӣ-озарбойҷонии Шервон ва Боку омӯзгор шуд. Дар ин мактабҳои усули нав Султонмаҷид Ғанизода дар баробари забонҳои русӣ ва озарбойҷонӣ инчунин аз забон ва адабиёти форсӣ ба шогирдон дарс мегуфт. Соли 1905 Султонмаҷид Ғанизода дар Семинарияи омӯзгории ш. Гории Гурҷистон муаллим ва аз соли 1908 нозири шуъбаи озарбойҷонии ин Семинария гардид. Ӯ ҳамон сол аз Тифлис ба Боку баргашта, то соли 1917 дар губернияи Боку ва вилояти Доғистон дар вазифаи нозир низоми таълимро назорат мекард. Султонмаҷид Ғанизода дӯстдори адабиёти форс-тоҷик, шефтаи эҷодиёти намояндагони он буд. Дар романи «Бозубанди арӯсон» (1900) аз ашъори бузургони форс-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва Ҳофизи Шерозӣ намунаҳо овардааст. Дар ҳаммуаллифӣ бо А. Ҷаъфарзода (1875−1941) бо забони форсӣ китоби дарсии «Калиди адабиёт»-ро (1901) таълиф намуда, дар он аз «Гулистон»-и Саъдӣ истифода кардааст. Дар романҳои «Мактубҳои Шодибеки Шервонӣ» (1898−1900), қиссаҳои «Тарс аз Худо» (1916), «Адлияи Офаридгор» (1896) Султонмаҷид Ғанизода ҳаёти қашшоқонаи халқи одӣ, нобаробариву ноадолатиҳои иҷтимоии даврашро тасвир намудааст. Ӯ мураттиби «Луғати русӣ-тоторӣ» (1894), китоби «Худомӯзии забони тоторӣ» (1890−95; иборат аз 4 ҷилд) мебошад. Бо адиби рус Л. Н. Толстой мукотиба дошт ва аз осори адибони класссики рус, гурҷӣ ва арманӣ намунаҳоро ба забони озарбойҷонӣ баргардон кардааст. Султонмаҷид Ғанизода қурбони ноадолатиҳои солҳои 30 асри 20 гардида, дар Сибир вафот кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 eMuzey Tarixi irsə sədaqət
- ↑ 2.0 2.1 Ганизаде Султан Меджид Муртаза-Али оглы // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғанизода Султонмаҷид / В. Самад // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Краткая литературная энциклопедия. Т. 2. М., 1964