Сунъатулло Саидзода
Раиси шаҳри Роғун Тоҷикистон
|
|
---|---|
аз 27 январи 2022 | |
|
|
Таваллуд |
26 март 1967 (57 сол) ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон |
Саидзода Сунъатулло (тав. 26 марти 1967; ноҳияи Данғара, Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик. Раиси шаҳри Роғун (аз соли 2022).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидзода Сунъатулло, 26 марти соли 1967, дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1984 ба факултети механикунонии хоҷагии қишлоқи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе дохил гардида, соли 1991 донишкадаро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм намудааст. Соли 1986 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ даъват шуда, то соли 1988 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намудааст. Аз соли 1991 то соли 1992, таъмирчии парки трактории хоҷагии советии ба номи Владимир Илич Ленини ноҳияи Данғараро ба уҳда дошта, аз соли 1992 то соли 1993, мудири анбори қисмҳои эҳтиётии Хоҷагии советии ба номи В.И.Ленини ноҳияи Данғара, аз соли 1993 то 1999 мудири анбори сӯзишвории Хоҷагии советии ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара, аз соли 1999 то соли 2002, мудири анбори марказии №1-и Хоҷагии советии ба номи В.И.Ленини ноҳияи Данғара ва солҳои 2002-2004, ба ҳайси муҳандиси соҳавии Хоҷагии советии ба номи В.И.Ленини ноҳияи Данғара кору фаъолият карда, аз соли 2004 то соли 2005, ҳамчун молшиноси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Континенталкоттон» кору фаъолияташро идома додааст. Баъдан аз соли 2005 то (02-12), муҳосиби қитъаи пахтақабулкунии хоҷагии деҳқонии ба номи Лангари Лангариеви ноҳияи Восеъ, солҳои 2006-2010, муовини директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бахт-82», солҳои 2010 (07-10), мутахассиси дараҷаи якуми Шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ ва такмили КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», солҳои 2010-2015, муҳандиси пешбари Шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва такмили КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», солҳои 2015-2019, Сардори Шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва такмили КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», солҳои 2019-2020, мудири бахши истифодабарии техникӣ, таъмир ва хизматрасонии коммуналии Раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2020-2022, дар вазифаи муовини сардори Раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.
Аз 27 январи соли 2022, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун адои вазифа намуда истодааст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Раиси шаҳр – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (tj-TJ). 15 октябри 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2023.