Jump to content

Сурату-л-арз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сурату-л-арз
Нависанда Муҳаммад ибн Мӯсо ал-Хоразмӣ

«Сурату-л-арз» (ар. صورة الأرض‎) — асари ҷуғрофии Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмист, ки солҳои 836—46 ба арабӣ таълиф шуда, дар бораи маҳалли ҷойгиршавии шаҳрҳо, куҳҳо, чашмаҳо, дарёю баҳрҳо ва ҷазираҳо маълумот медиҳад. Дар маъхазҳои асримиёнагӣ бо номҳои «Расму-р-рубъу-л-маъмур», «Расму-л-арз», «Расму-л-маъмур минал билод» низ зикр шудааст. Муаллиф дар боби алоҳида ҷойгиршавии 573 шаҳру маҳалли паси иқлими ҳафтум ва дар боби дигар арзу тӯли 209 кӯҳро бо ҷадвалҳо нишон додааст.

«Сурату-л-арз» дорои чор харита аст. Яке харитаи дарёи Нил буда, дуюмӣ шаклҳои гуногуни хати соҳилҳо мебошад. Ду харитаи дигар ҳанӯз таҳқиқ нашудааст. Муаллиф дар таълифи китоб аз «Дастуру-л-амали ҷуғрофӣ»-и Батлимус истифода бурдааст. «Сурату-л-арз»-ро соли 1926 шарқшинос Г. Мжик аз рӯи дастхате, ки соли 1037 китобат шудааст, ба табъ расонид. Баъзе ҷадвалҳои арзу тӯли ин асар баъди боздиди назари олимон ба «Ҷадвалҳои Толедо» дохил шуданд, ки онҳо дар асри 12 ба лотинӣ тарҷумашуда, дар тамоми Европа шӯҳрат пайдо карданд. .

  • Сурат-ул-арз / Ғ. Ғоибов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).