Ал-Хоразмӣ
| Ал-Хоразмӣ | |
|---|---|
| араб. ар. أبو عبد الله محمد بن موسى الخوارزمي | |
| | |
| Иттилооти инфиродӣ | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд: | ар. محمد بن موسى الخوارزمي |
| Касб, шуғл: | риёзидон, ахтаршинос, ҷуғрофиёдон, файласуф, тарҷумон, муаррих |
| Таърихи таваллуд: | тақрибан 780[1][2] |
| Зодгоҳ: |
|
| Таърихи даргузашт: | тақрибан 850[1][2] |
| Маҳалли даргузашт: |
|
| Эътиқод: | ислом ва суннӣ |
Фаъолияти илмӣ |
|
| Самти фаъолият: | ахтаршиносӣ, риёзиёт, алгебра, ададҳои арабӣ[d], ҳисоб, мусалассот, ҷуғрофиё ва улуми Замин |
| Корфармо: | |
| Осор: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
| Лоиҳаҳои алоқаманд: |
|
Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мусо ал-Хоразмӣ (форсӣ: ابو عبدالله محمد بن موسی الخوارزمی; тақрибан 780[1][2], номаълум — тақрибан 850[1][2], тахм. Бағдод, Хилофати Аббосиён[2]) — ҳайатшинос, риёзидон, ахтаршинос, муаррих ва ҷуғрофиёдони бузурги эронӣ[3][4][5][6].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслан эронинажод будааст. Аз ҷавонӣ ба омӯзиши илмҳои замонаш пардохта, барои такмили дониш аввал ба Ҳиндустон ва баъд ба маркази илми хилофати аббосӣ — шаҳри Бағдод рафт. Дар он ҷо ба Байтулҳикмаи Маъмун дохил шуда, ҳамроҳи бисёр олимони табиатшиносу риёзидон ба фаъолияти илмӣ машғул шуд. Дар натиҷаи тарҷумаи осори фалсафӣ, риёзӣ, тиббӣ, ҳайатшиносӣ ва ғайра (аз забонҳои юнонию суриёнӣ ва паҳлавию санскрит) бо ибтикори Маъмун Байтулҳикма ба маркази илмии бузурге табдил ёфт, ки дар он Абумуҳаммад Хоразмӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Исҳоқи Ибодӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абулаббоси Найрезӣ, Абуҷаъфари Хуросонӣ, Абулфатҳи Исфаҳонӣ ва писарони Ибни Шокир — Муҳаммад, Аҳмад ва Ҳасан барин олимони машҳур суннати тадрису таълимро давом дода, ба ҳалли бисёр масъалаҳои илмҳои дақиқ кӯшиданд ва дар асарҳояшон ба кашфиёти бузурги илмӣ ноил шуданд.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин асари Xоразмӣ «Сурату-л-арз» аст. Дар он дар бораи маҳалли ҷой гирифтани шаҳрҳо, кӯҳҳо, дарёчаҳо, дарёҳо ва ҷазираҳо маълумоти фаровон оварда шудааст; ҳамчунин ҷадвали арзу тули шаҳрҳое дода шудааст, ки дар паси хати истиво (экватор) ҷой гирифтаанд.
Ҳайъатшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Асари дигар «Зичи Хоразмӣ» бо номи «Зичи Маъмунӣ» низ машҳур аст. Дар он Xоразмӣ ақидаҳои ҳайъатшиноси машҳур Абуабдуллоҳ ибни Иброҳимро шарҳу тафсир намуда, бар он ҷадвали синус ва тангенсро афзудааст, ки он ҷойгузини ҷадвали хордаи Батлимус шудааст. Дар ин асар масъалаҳои ҳаракати Хуршед ва Моҳ баррасӣ шуда, усули муайян кардани суръати ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ, андозаҳои Хуршеду Моҳ пешниҳод шудааст. Дар давраи Xоразмӣ пас аз «Зичи шаҳриёр», ки дар аҳди Сосониён тартиб дода шуда буд, тарҷумаи «Алмаҷастӣ»-и Батлимус ба пешрафти илми ҳайъат мусоидат кард. Равишҳои махсуси расадбандӣ ба вуҷуд омаданд, роҳу усулҳои арифметикию геометрӣ ва тригонометрии мусоҳиба бештар истифода мешуданд. Устурлоберо, ки қабл аз ислом сохта шуда буд, ҳайъатшиносон такмил доданд. Он амалан то замони Галилео Галилей истифода мешуд. Тарзи истифода ва амали онро Xоразмӣ дар «Амалу-л-устурлоб» ном асараш нишон додааст. Асбоби дигари ахтаршиносиеро, ки имрӯз бо номи «секстант» маълум аст, Xоразмӣ дар мушоҳидаи ахтаршиносии расадхонаи «Шамсия»-и Маъмун дар Бағдод истифода бурдааст ва натиҷаҳои ин мушоҳидаро дар асараш «Китобу ҳаракати-л-фалаки-л-уло» ҷамъбаст кардааст.
Бино ба маълумоти муҳақиқи муосири эрон Муҳаммади Рашшод Xоразмӣ ҳамроҳи писарони Ибни Шокир ва Аҳмади Фарғонӣ бо супориши Маъмун дарозии умумии бурриши қутрии кураи Заминро муайян кардааст, ки он аҳамияти калони илмӣ дорад. Онҳо бо устурлоб як дараҷаи доираи меридианро аз нуқтаи маълуми саҳрои Санҷар ба шимолу ғарб бо усули механикӣ муайян намуда, натиҷаи онро ба 360 дараҷа зарб зада, дарозии умумии кураи заминро ҳисоб кардаанд.
Риёзиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Илми риёзӣ дар давраи Xоразмӣ дар заминаи суннатҳои қадимаи маданияти бостонӣ тараққӣ карда буд. Дар ин давра мактабҳои риёзии Бағдоду Димишқ ва Қоҳира амал мекарданд. Дар онҷо масъалаҳои гуногуни ҳисоб, ҳандаса, мусалласот (тригонометрия), ва ғ. баррасӣ мешуданд. Абдуллоҳи Баттонӣ косинус ва секансро кашф карда, ба ҷои синус хордаи мансуб ба кунҷро татбиқ, намуд. Абукомил (а. 8) муодилаҳои квадратиро тадқиқ намуда, се гурӯҳи бузургиҳо — ададҳои содда, реша ва квадратҳоро ҷудо кард ва дар баъзе ҷойҳо нишондиҳандаҳои олии номаълумро низ ҳамроҳ намуд. Риёзидони мактабҳои мазкур синуси як дараҷаро ҳисоб карда, дар бораи сектори конус ва тақсими кунҷ ба се қисмат, бурришҳои конусӣ (гиперболаҳои баробартараф) кашфиёти тоза ба даст оварданд. Xоразмӣ дар рисолааш «Китобу-л-ҷамъ в-ат-тафриқ би ҳисоби-л-ҳинд» аввалин бор рақамҳои ҳиндиро дар системаи ҳисоби позиционии ададҳо истифода намуд. Дар асари дигараш «Алҷабр ва-л-муқобала» ҳалли муодилаҳои квадратиро тадқиқ карда, ба илми алгебра асос гузоштааст. Маънои «алҷабр» дар риёзиёт барқарор кардан аст, вале баъди тарҷумаи китоби мазкур ба забони лотинӣ ва диг. забонҳои Ғарб бо номн «Либер Алгоризм» (китоби Хоразмӣ) машҳур шуд ва минбаъд ноии «Хоразмӣ» (лотиниаш «Алгоризм») дар Ғарб ба номи алгебра табдил ёфт.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Xоразмӣ 12 асар таълиф намудааст, ки баъзеи онҳо (мас., «Рисолаи таърих», «Рисолаи мусиқӣ» ва ғайра) то ба замони мо нарасидаанд.
Афкори табиию илмии Xоразмӣ ба назарияҳои натурфалсафии Умари Хайём, Насируддини Тусӣ, Ғиёсуддини Кошонӣ, Баҳоуддини Омилӣ ва Алӣ Қушчӣ барин нобиғаҳои илму ҳикмати Шарқ таъсири зиёде расонда, такони бузурге барои рушди афкори илмии давраи Эҳёи Ғарб гардидааст.
Бузургдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1983 бо қарори ЮНЕСКО 1200-умин солгарди зодрӯзи Xоразмӣ ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат як қатор асарҳои ӯ дастраси хонандагон гардиданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 Brentjes S. Khwārizmī: Muḥammad ibn Mūsā al‐Khwārizmī (ингл.) — Springer Science+Business Media, 2007.
- 1 2 3 4 5 6 O'Connor J., Robertson E. Abu Ja'far Muhammad ibn Musa Al-Khwarizmi — 1995.
- ↑ Корбин, Генри (1998). Путешествие и посланник: Иран и философия. Бойгонӣ шудааст 6 июли 2022 сол. Книги Северной Атлантики. С. 44.
- ↑ Pickover, Clifford A. The Math Book: From Pythagoras to the 57th Dimension, 250 Milestones in the History of Mathematics. — Sterling Publishing Company, 2009. — С. 84. — 527 p. — ISBN 1402757964. — ISBN 978-1-4027-5796-9.
- ↑ Ben-Menahem, Ari. Historical Encyclopedia of Natural and Mathematical Sciences. — 1st ed. — Berlin: Springer, 2009. — С. 942—943. — 5983 p. — ISBN 3540688315. — ISBN 978-3-540-68831-0.
- ↑ Montgomery, Scott L., Kumar, Alok. A History of Science in World Cultures: Voices of Knowledge. — Routledge, 2016. — 349 p. — ISBN 0415639832. — ISBN 9780415639835.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
- Юшкевич А. П.. История математики в средние века. М.. 1961;
- Хорезм и Мухаммад ал-Хоразми в мировой истории и культуре, Д.. 1983;
- Тамбов Г., Мухаммад ибни Муса Ал-Хо-резми, Д. 1983.