Jump to content

Сурхак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сурхак
ИхтисосИнфектология Edit this on Wikidata
Сурхак
Кӯдаки филиппинӣ дорори бемории сурхак
Кӯдаки филиппинӣ дорори бемории сурхак
МКБ-10 B0505.
МКБ-9 055055
DiseasesDB 7890
MedlinePlus 001569
eMedicine derm/259 
MeSH D008457

Сурхак (лот. Morbilli) — ба гурӯҳи бемориҳои хавфноки сироятӣ дохил шуда, сабабгори фавти зиёди кӯдакон ва боиси ташвиши табибони ҷаҳон гардидааст.

Барои пешгирии он бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар саросари кишвар маъракаи Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории сурхакон ва гулафшон мегузарад. Барангезандаи ин бемориҳо вирусе мебошад, ки қобилияти тавонои сирояткунӣ дорад. Аз он 90-95 фоизи кӯдакони ба бемор алоқаманд, сироят меёбанд. Зиёда аз 10 фоизи фавти кӯдакони то 5 — сола аз бемории сурхакон аст.

Нишонаҳои беморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Беморӣ пеш аз ҳама газаки шуш, гӯш ва таъсири ҷиддӣ ба хунро ба амал меоварад. Гулафшон бемории шадиди сирояткунанда буда, дар пӯсти бадани бемор доғҳои сурх пайдо мешаванд. Он бо роҳи нафаскашӣ, атсазанӣ ва сулфа ба одамони дигар мегузарад. Ҳарчанд бачагони хурдсол бемории гулафшонро хеле сабук мегузаронанд, онҳо дар давраи беморӣ манбаи паҳншавӣ, барангезандаҳои он буда метавонанд. Бемории гулафшон хусусан ба занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро вируси барангезандаи гулафшон метавонад ба тамоми узвҳои ҷанин зарари калон расонад. Зани ҳомиладори сироятёфта тифли нобино, ношунаво ва нуқсони дил доштаро таваллуд карданаш мумкин аст.

Роҳҳои пешгирии ин бемориҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пеш аз ҳама бо мақсади паст кардани шиддати паҳншавӣ ва дар ояндаи наздик тамоман нест кардани онҳо вақти эмкунии даврагӣ бар зидди бемории сурхакон дар 12-моҳагӣ ва 6-солагӣ, барои пурра аз байн бурдани ҳар ду беморӣ дар қадами аввал маъракаи оммавии эмгузаронӣ, баъдан, тадбири ба тақвими миллӣ ворид намудани эмкунии доимӣ бар зидди сурхакон ва гулафшон амалӣ мегарданд. Тадбири эмкунӣ имкон медиҳад, ки эҳтимоли сар задани беморӣ, шароити гузаришу паҳншавии он маҳдуд карда шавад. Барои пешгирии сурхакон ва гул тадбире беҳтар аз эмкунӣ нест. Бузургтарин дастоварди тиб бар зидди сурхакон ва гулафшон эмкунист.[1]