Суръат Халилов
Суръат Муҳаммадович Халилов | |
Таърихи таваллуд | 8 феврал 1942 (82 сол) |
Зодгоҳ | шаҳри Душанбе |
Пеша(ҳо) | омӯзгор,оҳангсоз |
Суръат Муҳаммадович Халилов — оҳангсоз, омӯзгор, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов. Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1972).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Суръат Муҳаммадович Халилов 8 феврали 1942 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, фарзанди Муҳаммад Халилов аст. Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе (1963), Консерваторияи давлатии ш. Тошканд ба номи А.Ашрафиро хатм кардааст (1969). Омӯзгор, мудири кафедраи ДДОТ ба номи Т. Шевченко (1969—1973). Омӯзгор, дотсент, мудири кафедра, декани Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (аз соли 1973—2003), раиси Раёсати Фонди мусиқии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (аз с.1989). Омӯзгор, декан ва мудири кафедра, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов (аз с. 2003 — то холо)
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аксари жанрҳои мусиқи асарҳо эҷод кардааст. Муаллифи
- «Достон барои виолончел ва фортепиано» (1962),
- «Увертюраи „Ҷавонӣ“ барои оркестр» (1963),
- «Вариатсия барои фортепиано» (1964),
достони симфонии
- «Тоҷикистони ман» (1967),
- «Консерт барои фортепиано бо ҳамовозии оркестр» (1968),
- «Симфония ба хотираи В. И. Ленин» (1969),
- «Пиеса барои труба ва фортепиано» (1970),
суруд ва романсҳои
- «Ҷавонӣ» (1987),
- «Моҷарои обфурӯш» (1987),
- «Боғбон ва мири ғазаб» (1988) ва ғ.[1]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон,
- Медали «Хидмати Шоиста» (2006)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, с.134.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 8 феврал
- Зодагони соли 1942
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Омӯзгорони Консерватрияи миллии Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон