Сушант Сингҳ Раҷпут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сушант Сингҳ Раҷпут
англ. Sushant Singh Rajput
Sushant Singh Rajput snapped at the promotions of 'M.S. Dhoni - The Untold Story' (cropped).jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд: Sushant Singh Rajput
Таърихи таваллуд: 21 январ 1986(1986-01-21)
Зодгоҳ: Патна, Иёлати Биҳар, Ҳиндустон
Таърихи даргузашт 14 июн 2020(2020-06-14) (34 сол)
Маҳалли марг: Мумбай, Маҳараштра, Ҳиндустон
Шаҳрвандӣ:  Ҳиндустон
Касб: ҳунарпеша, раққос
Корнома: 2008-2020
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 3818286
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Сушант Сингҳ Раҷпут (англ. Sushant Singh Rajput, ҳиндӣ: सुशांत सिंह राजपूत машҳур аст; тав. 1 январ 1986, Патна, Ҳиндустон[1] - 14 июн 2020, Мумбай, Ҳиндустон[2] ) — ҳунарпеша ва раққоси ҳинд[3]. Сушант фаъолияти ҳунарияшро дар силсилафилмҳо оғоз намудааст[4]. Нақши дебютии ӯ дар силсилафилми телевизиони Star Plus, Kis Desh Mein Hai Meraa Dil (2008) мебошад.

Зиндагинома[вироиш]

Сушант Сингҳ Раҷпут дар Патнаи иёлоти Биҳар дар оилаи Кришна Кумар Сингҳ ва Уша Сингҳ таваллуд шудааст. Падари ӯ як афсари бознишастаи техникӣ аст ва дар Bihar State Handloom Corporation дар Патна кор кардааст. Вай аз ҳама панҷ бародар хурдӣ буд ва тахаллуси Гулшан дошт. Яке аз чаҳор хоҳари ӯ Миту Сингҳ бозигари крикети сатҳи давлатӣ мебошад. Ӯ дар "St. Karen's High School"-и Патна таҳсил намудааст. Пас аз марги модараш дар соли 2002 оилаи ӯ ба Деҳлӣ кӯчид, ки дар он ҷо Сушант мактаби таҳсилоти миёнаро дар "Kulachi Hansraj Model School" ба итмом расонд.

Бино ба гузоришҳо, Раҷпут як хонандаи мӯътабаре буд, ки ба астрофизика таваҷҷӯҳи амиқ дошт ва дар Олимпиадаи миллӣ оид ба физика ғолиб шуд. Вай дар Коллеҷи муҳандисии Деҳлӣ (баъдтар ба Донишгоҳи Технологии Деҳлӣ номгузорӣ шуд) барои ба даст овардани дараҷаи бакалаврии муҳандисӣ дар муҳандисии механикӣ қабул шуд. Тибқи гуфтаи Раҷпут, ӯ ба муҳандисӣ шавқ надошт, аммо хонаводааш ба ҷои ӯ интихоб кардааст. Вай ба ҷои ин мехост кайҳонавард ва баъдан халабони ҳавопаймо шавад, аммо инчунин ба Болливуд таваҷҷӯҳ зоҳир карда, мухлиси Шоҳруххон буд.

Эҷодиёт дар синамо[вироиш]

Сушант ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Технологии Деҳлӣ, бо Шиамак Давар ба дарсҳои рақс дохил шуд. Танҳо баъдтар, ӯ ба фаъолияти ҳунарии худ шурӯъ кард, зеро баъзе ҳамсинфони рақсиаш ба театр таваҷҷӯҳ зоҳир карданд ва дар синфҳои театрӣ дар синфи Барри Ҷон иштирок карданд. Бо таъсири онҳо Раҷпут низ ба синфҳои актёрӣ пайваст. Дар онҳо ӯ ҳаваси худро дар театр пайдо кард: "Ман таҷрибаи озодиро ёфтам. Ман фаҳмидам, ки бо тамошобинон муошират карда тавонам. Ман медонистам, ки мехоҳам ин корро то абад анҷом диҳам."

Чанд моҳ пас аз ҳамроҳ шудан ба синфи рақс, Раҷпут узви ширкати рақсии Davar Standard интихоб шуд. Дар соли 2005, вай ба гурӯҳи раққосҳои замина дар 51-умин Filmfare Awards интихоб шуд. Соли 2006 вай дар ҳайати гурӯҳе буд, ки ҳангоми маросими ифтитоҳи Бозиҳои Иттиҳоди 2006 барои бозӣ дар барномаи фарҳангӣ ба Австралия рафт ва он замон аз муваффақият дар дарсҳои рақс ва театр хурсанд шуда, қарор кард, ки муҳандисиро тарк кунад вақти пурраашро ба санъати бахшад.

Барои синамо, Раҷпут ба Мумбай кӯчид ва ба гурӯҳи театри Экҷуте Надира Баббар пайваст ва дар он ҷо дуним сол монд. Дар ҳамин ҳол, ӯ дар як таблиғи телевизионии Nestlé Munch баромад кард, ки дар саросари Ҳиндустон машҳур гаштааст.

Сушант дар тӯли ҳаёти худ дар 11 филм ва 4 силсилафилм нақш офарида бо ҳунарпешаҳои машҳур Раҷкумар Рао, Амирхон, Анушка Шарма, Критӣ Санон, Паринитӣ Чопра, Соро Алихон ва дигарон ҳунарнамоӣ намудааст.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш]

Сушант бо Анкта дар нахустнамоиши филми Kai Po Che

Сушант шаш моҳ бо ҳунарпеша Анкита Локҳанде, ки якҷоя дар силсилафилми Pavitra Rishta нақш бозидаанд, муносибати ошиқона дошт[5] вале соли 2016 онҳо ҷудо шудаанд[6][7]. Баъдан бо Критӣ Санон якчанд муддат робита дошта онҳо низ пош хӯрдаанд. Соли охир ӯ бо ҳунарпеша Риӣ Чакрабортӣ муносибати ошиқона дошт ва ҳатто мехостанд оила барпо намоянд.

Вафот[вироиш]

Рӯзи 14 июни 2020 Сушантро дар ҳавотозакунаки сақфи хонааш овезон дарёфтанд, ки ӯ 34 сол дошт[8]. Аз рӯи расонаҳо ӯ шаш моҳи охир аз рӯҳафтодагӣ ва афсурдагӣ азоб мекашид. Аммо ягон мактуби пеш аз марг дарёфт нашудааст[9]. Полиси Мумбай хабар додааст, ки аз утоқи Сушант якчанд дастурамали тиббӣ ёфт шудааст ва кофтукоб идома дорад[10][11].

Охирин маросимро баъди чок намудани бадан ва аз назар гузаронидани табибон дар Паван Ҳанс дар хонаи мурдасӯзии шаҳри Мумбай гузаронида шудааст, ки дар он аъзои оилааш аз Патна ва ҳамкоронаш дар ҷодаи синамо иштирок намуданд[12][13][14].

Филмнома[вироиш]

Филм[вироиш]

Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2013 Kai Po Che! Ишан Бҳатт [15]
Shuddh Desi Romance Рагҳу Рам [16]
2014 PK Сарфароз Юсуф [17]
2015 Detective Byomkesh Bakshy! Детектив Бёмкеш Бакшӣ [18]
2016 M.S. Dhoni: The Untold Story Маҳендра Сингҳ Донӣ [19]
2017 Raabta Ҷилан/Шив Каккар [20]
2018 Welcome to New York Худаш [21]
Kedarnath Мансур Хон [22]
2019 Sonchiriya Лакҳан "Лакна" Сингҳ [23]
Chhichhore Анирудҳ "Аннӣ" Патҳак [24]
Drive Самар [25]
2020 Dil Bechara Манну [26]

Барномаҳои телевизионӣ[вироиш]

Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2008–2009 Kis Desh Mein Hai Meraa Dil Прит Ҷунеҷа [27]
2009–2011 Pavitra Rishta Манав Дешмукҳ [27]
2010 Zara Nachke Dikha Иштирокчӣ Тими "Mast Kalandar Boys"
2010–2011 Jhalak Dikhhla Jaa 4 Иштирокчӣ Гирандаи ҷои дуюм

Музик видео[вироиш]

Сол Суруд Истинод
2017 "Paas Aao" [28]

Ҷоизаҳо[вироиш]

Сол Ҷоиза Категория Кор Натиҷа
2009 Indian Telly Awards Ҳунарпешаи машҳуртарин (мард) Pavitra Rishta Номзад[29]
2010 Indian Television Academy Awards Ҳунарпешаи машҳуртарин (мард) Баранда[30]
BIG Star Entertainment Awards Беҳтарин ҳунарпешаи силсилафилм (мард) Баранда[30]
Boroplus Gold Awards Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши марказӣ Баранда[30]
2011 Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши марказӣ Баранда[31][32]
Kalakar Awards Ҳунарпешаи дӯстдошта (мард) Баранда
2014 Producers Guild Film Awards Беҳтарин дебюти мардона Kai Po Che! Баранда
Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши марказӣ Номзад[33]
Screen Awards Беҳтарин дебюти мардона Баранда[34]
Zee Cine Awards Беҳтарин дебюти мардона Номзад[35]
Filmfare Awards Беҳтарин дебюти мардона Номзад
IIFA Awards Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши марказӣ Номзад[36]
2017 Screen Awards Беҳтарин ҳунарпеша (Мунаққидон) M.S Dhoni: The Untold Story Баранда
Filmfare Awards Беҳтарин ҳунарпеша Номзад
Zee Cine Awards Беҳтарин ҳунарпеша – мард Номзад[37]
en:Stardust AwardsStardust Awards Беҳтарин ҳунарпеша Номзад[38]
International Indian Film Academy Awards Беҳтарин ҳунарпеша (мард) Номзад[39]
Indian Film Festival of Melbourne Беҳтарин ҳунарпеша Баранда[40]

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Shruti Shiksha. 'Happy Birthday, Sushant Singh Rajput. Keep That Childlike Smile Always Alive,' Tweets Kriti Sanon. NDTV (21 January 2018). 6 Декабри 2018 санҷида шуд.
  2. Sushant Singh Rajput dies by suicide at 34 in Mumbai. India Today (14 June 2020).
  3. {{Cite web|URL=https://www.businesstoday.in/latest/trends/sushant-singh-rajput-an-astrophysicist-at-heart-an-entrepreneur-in-making/story/407020.html |title =Sushant Singh Rajput an Astrophysicist at heart |date=15 June 2020|website=business today|access date=16 June 2020}}; All you need to know about Shuddh Desi Romance star Sushant Singh Rajput- Entertainment News, Firstpost. Firstpost (4 September 2013). 23 Декабри 2019 санҷида шуд.; Kedarnath actor Sushant Singh Rajput turns entrepreneur with Innsaei (en-US), The Indian Express (18 May 2018).; Sushant Singh Rajput donates Rs 1 crore as aid for Kerala on behalf of a fan. Read details(англ.), Hindustan Times (22 August 2018).; After Donating 1 Crore to Kerala, Sushant Singh Rajput Gives Rs 1.25 Crore for Nagaland Relief Fund, News18.; Sushant Singh Rajput visits blind school in Ranchi, embraces kid after his singing act—Watch(англ.), Zee News (22 August 2018).
  4. Sushant Singh Rajput death: Friend shares his anecdotes of Sushant, the seeker and actor.; Sushant Singh Rajput was always full of life, Remo D'souza.
  5. When Sushant proposed to Ankita on Jhalak Dikhhla Jaa 4.
  6. Is this why Sushant Singh Rajput and Ankita Lokhande reportedly broke up? – Sushant Singh Rajput and Ankita Lokhande's relationship, The Times of India. Проверено 25 марти 2020.
  7. Ankita Lokhande on ex-boyfriend Sushant Singh Rajput: He has always been good to me(англ.), India Today (17 January 2019). Проверено 25 марти 2020.
  8. Sushant Singh Rajput's death: Kangana Ranaut slams Bollywood, says 'suicide nahi, planned murder tha!'.
  9. Sushant Singh Rajput passes away at 34, no suicide note recovered from his Mumbai flat – Times of India(англ.). The Times of India.
  10. Sushant Singh Rajput Bollywood Actor commits suicide at 34 (en-US). EMEA Tribune (14 June 2020).
  11. Sushant Singh Rajput’s death: Anti-depression medicines found from actor’s house; family demands CBI probe(англ.). www.timesnownews.com.
  12. Sushant Singh Rajput's demise evokes accounts by insiders on 'cruel reality' of Bollywood.
  13. Sushant Singh Rajput's last rites performed at Pawan Hans crematorium: Bollywood says final goodbye.
  14. Sushant Singh Rajput's Funeral: Kriti Sanon, Shraddha Kapoor, Vivek Oberoi And Others Attend.
  15. Popular Bollywood actor Sushant Singh Rajput, star of 'Kai Po Che,' found dead (en-US). Los Angeles Times (14 June 2020).
  16. MumbaiJune 14, Jyoti Kanyal Parineeti Chopra on Shuddh Desi Romance co-star Sushant Singh Rajput's death: Will miss you buds(англ.). India Today.
  17. Sushant Singh Rajput's PK Co-Star Anushka Sharma: "Too Young And Brilliant To Have Gone So Soon". NDTV.com.
  18. Sushant Singh Rajput: An actor who preferred quality over quantity(англ.). The Week.
  19. Dc, Chitrangada How Sushant Singh Rajput trained for MS Dhoni – The Untold Story: WATCH(англ.). mykhel.com (14 June 2020).
  20. Bureau, ABP News Sushant Singh Rajput Suicide: Arjun Bijlani Shares Screenshot Of His LAST Message To 'Raabta' Actor(англ.). news.abplive.com (14 June 2020).
  21. 'Welcome To New York' movie review: Trips on a tactless plot. The New Indian Express.
  22. Sushant Singh Rajput's Co-Star Sara Ali Khan Shares Kedarnath Memory. No Caption Needed. NDTV.com.
  23. Sushant Singh Rajput passes away: From Kai Po Che to Sonchiriya, a look at the actor's iconic performances- Entertainment News, Firstpost(англ.). Firstpost (14 June 2020).
  24. 'Chhichhore' co-stars Sushant and Shraddha Kapoor plan to meet their friends on the special screening of their film, Times of India.
  25. Drive to release on November 1 on Netflix. outlookindia.com/.
  26. Sushant Singh Rajput, Sanjana Sanghi starrer Fault in Our Stars remake titled as Kizie Aur Manny. Bollywood Hungama.
  27. 27.0 27.1 From Kis Desh Mein Hai Meraa Dil to Jhalak Dikhhla Jaa 4: A look at Sushant Singh Rajput’s TV stint(англ.). The Indian Express (14 June 2020).
  28. T-Series Paas Aao Song – Sushant Singh Rajput Kriti Sanon – Amaal Mallik Armaan Malik Prakriti Kakar (8 July 2017). 24 марти 2018 санҷида шуд.
  29. Nominees of The 9th Indian Telly Awards. 23 Декабри 2019 санҷида шуд.
  30. 30.0 30.1 30.2 Sushant Singh Rajput's Biography. koimoi. 28 апрели 2014 санҷида шуд.
  31. Fourth Boroplus Gold Awards 2011. gomolo.com. 14 октябри 2017 санҷида шуд.
  32. indiantelevisionawards. indiantelevisionawards. 14 октябри 2017 санҷида шуд.
  33. Bollywood Hungama. Nominations for 9th Renault Star Guild Awards – Latest Celebrity Features – Bollywood Hungama. bollywoodhungama.com.
  34. Screen Awards 2015, Latest News on Screen Awards 2015, Photo Gallery The Indian Express. The Indian Express. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 марти 2014.
  35. Zee Cine Awards 2014: Complete list of nominations. Zee News.
  36. Nominations for IIFA Awards 2014. Bollywood Hungama (20 February 2014). 21 феврали 2014 санҷида шуд.
  37. Hungama, Bollywood. Nominations for Zee Cine Awards 2017 – Bollywood Hungama (en-US), Bollywood Hungama (2 March 2017).
  38. Hungama, Bollywood. Nominations for Stardust Awards 2016 – Bollywood Hungama (en-US), Bollywood Hungama (19 December 2016).
  39. 18th IIFA Awards 2017: List of Nominations, NDTV.com.
  40. IFFM Awards 2017: Lipstick Under My Burkha, Dangal, Baahubali 2 win big (in pics) (en-US).

Пайвандҳо[вироиш]