Сӯфихоҷа Сӯфӣ
Таърихи даргузашт: | 1877 |
---|
Сӯфихоҷа Сӯфии Бухороӣ (1794, Бухоро —1877) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сӯфихоҷа Сӯфӣ дар Бухоро таваллуд шуда, дар Самарқанд ва Бухоро мансаби қозикалонро доштааст. Баъд дар мадрасаҳои Кӯкалтош ва Гавкушони Бухоро дарс гуфтааст. Доир ба ҳаёт ва рӯзгори шоир дар маъхазҳо маълумоти кофӣ ҷой надорад.
Девони шоир аз ғазал, мухаммас, мустазод ва рубоӣ иборат буда, маснавии «Баҳориёти меваҳо»-и шоир дар пайравии «Баҳориёт»-и Сайидои Насафӣ дар шакли қасида иншо гардидааст.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Эй барқи хушхиром ҷафо кардаӣ маро
Кулфатгудози ранги ҳино кардаӣ маро,
Сар то қадам тағофулӣ чун барқи даргузар,
Дар базмгоҳи ишқ адо кардаӣ маро.
Олам хароб кардаӣ аз зулфи печ-печ
Эй каҷкулаҳ ба ғамза чиҳо кардаӣ маро?
Бишкастааст боли ман аз вусъати фироқ,
Дар орзуи боди сабо кардаӣ маро.
Сӯфӣ ба нола васл талаб мекунад туро,
Эй барқи хушхиром, ҷафо кардаӣ маро.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сӯфӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).