Талъат Нуруллохоҷаев
Нуруллохоҷаев Талъат Фатҳуллоевич | |
Таърихи таваллуд | 9 декабр 1939 |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Узбакистон |
Таърихи даргузашт | 21 май 2011 (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Талъат Нуруллохоҷаев (Нуруллохоҷаев Талъат Фатҳуллоевич; 9 декабри 1939, Самарқанд — 21 майи 2011, Душанбе) — пизишки шикастубанд (ортопед). Номзади илмҳои тиб (1969), дотсент (1978), раиси Ҷамъияти илмии ортопедҳои Тоҷикистон(аз 1990). Ҳамсари Мунира Шаҳидӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Талъат Нуруллохоҷаев 9декабри соли 1939, дар гузари Қозикалони шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Дастпарвари мактаби миёнаи № 21 шаҳри Самарқанд (1957). Факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1963). Ординатори клиникӣ (1963—1965), аспирант (1965—1968) ва ассистенти кафедраи осебшиносии ортопедӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1968—1988), ходими илмии Институти тиббии 1-уми Маскав (1977—1979), дотсент(1979—1984) ва мудири кафедраи осебшиносии ортопедӣ ва ҷарроҳии ҳарбии саҳроии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1984—1992).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мавзӯи «Табобати ортопедии оқибатҳои сӯхтагии кафи по» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Муалифи қариб 100 таълифоти илмӣ. Чандин сол дар табобатхонаҳои давлати араб ифои вазифа кардааст (1992—2002).[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с. 97.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 9 декабр
- Зодагони соли 1939
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 21 май
- Даргузаштагони соли 2011
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Пизишкони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино