Мунира Шаҳидӣ
Мунира Шаҳидӣ | |
|---|---|
| Мунира Зиёдуллоевна Шаҳидӣ | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 22 марти 1943 |
| Зодгоҳ | Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон |
| Таърихи даргузашт | 15 июли 2026 (83 сол) |
| Маҳалли даргузашт | Маскав, Русия |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | шарқшиносӣ, санъатшиносӣ |
| Ҷойҳои кор | КМ ЛКСМ Тоҷикистон, Институти шарқшиносии АМИТ, Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
| Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
| Роҳбари илмӣ | Абдулғанӣ Мирзоев, А. Е. Бертелс |
Мунира Зиёдуллоевна Шаҳидӣ (22 марти 1943, Сталинобод — 15 июли 2026, Маскав) — шарқшинос, санъатшинос, тарҷумон, номзади илмҳои филологӣ (1972).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мунира Шаҳидӣ 22 марти соли 1943 дар шаҳри Душанбе дар хонадони оҳангсози тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ба дунё омадааст. Дар соли 1964 бахши англисии факултети забонҳои хориҷии ИДПС ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Тарҷумони ширкати «Интурист» (1964—1966), директори бахши туризми байналхалқии ҷавонони шӯравӣ дар КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1966—1968). Лаборант, ходими илмӣ, ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1968—2011). Сарвари Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ.
Бо саъю кӯшиши ӯ Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ таъсис ёфтаанд, ки ҳадафи онҳо на фақат ҳифзи мероси эҷодии насли гузаштаи донишмандон ва аҳли ҳунар, балки бунёди равобити фарҳангии кишварҳои Шарқу Ғарб дар замони навини равобити фарҳангӣ мебошад. Ба ин хотир ӯ нашри маҷаллаи илмии «Фонус»-ро ба роҳ мондааст[1].
Солҳои 2004—2005 ба ҳайси эксперти ЮНЕСКО оид ба равобити байнифарҳангӣ фаъолият карда, узви Маркази тадқиқоти инсоншиносии Фаронса, узви Институти Шведсия (1996) ва узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ба кишварҳои Амрико, Британияи Кабир, Фаронса ва ғайра сафар карда, донишҷӯёни донишгоҳҳои онҳоро аз дастовардҳои олимон ва ҳунармандони тоҷик огоҳ менамуд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳти роҳбарии академик Абдулғанӣ Мирзоев ва А. Е. Бертелс дар мавзӯи «Мақоми китоби чорҷилдаи Э. Г. Браун дар шинохти адабиёти форсии тоҷикӣ дар ҷаҳони имрӯз» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст (1972). Муаллифи беш аз 80 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла монографияи «Ибни Сино ва Данте» (Душанбе, 1986).[2]
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Мунира Шаҳидӣ 15 июли соли 2026 дар 83-солагӣ дар шаҳри Маскав даргузашт[3].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шахиди М. З. Ибн Сино и Данте. — Д.: Дониш, 1986. — 127 с.[4]
- Газели Мавлоно Джалолиддина Балхи / Сост. М. Шахиди. — Д., 1991–1992. — Т. 1—2.[5]
- Shahidi, M. Report: Central Asia and the Modern World // TRANS. Internet-Zeitschrift für Kulturwissenschaften. — 2003.[6]
- Shahidi, M. The Impact of the Emergence of Eurasian Art Communities in Tajikistan on the Process of Regional Security // International Relations and Diplomacy. — 2016.[7]
- Шахиди М. З. Диалог культур — Восток и Запад в XXI веке. — Осло: 2023.[8]
- Вклад в раздел «Tajikistan» // Continuum Encyclopedia of Popular Music of the World. — London: Continuum.[9]
- Shahidi, M. New Eurasian Art Communities in Globalising World // S. Akbari, N. F. Yildiz (Eds.). Art and Culture: New Perspectives in Eurasian Studies. — Springer, 2018.[10]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ University of Kent — Dr. Munira Shahidi
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013. — С. 159. — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
- ↑ Мунира Шаҳидӣ духтари оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ даргузашт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (15 июли 2026). 16 июли 2026 санҷида шуд.
- ↑ https://vestnik.mgimo.ru/sites/default/files/pdf/016-018_reccenzii_kuzin_vestnik_3(54)_2017.pdf(пайванди дастнорас)
- ↑ https://inst.at/en/research-and-publications/publications-of-the-institute/volume-7-of-the-series-international-dialogue-of-cultures-and-civilizations-between-east-and-west/
- ↑ TRANS – TRANS Internet-Zeitschrift für Kulturwissenschaften | Internet journal for cultural studies | Revue électronique de recherches sur la culture
- ↑ The Impact of the Emergence of Eurasian Art Communities in the Globalizing World-David Publishing Company
- ↑ Мунира Шахиди: Моя книга была представлена в Кембридже и Берлине, но не в Таджикистане! | Новости Таджикистана ASIA-Plus
- ↑ https://books.google.com/books?id=U3Tq-uYxM2wC&pg=PA277
- ↑ https://link.springer.com/chapter/10.1007/978-981-10-8598-6_1
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Торномаи Мунира Шаҳидӣ Бойгонӣ шудааст 25 феврали 2018 сол.
- Зодагони 22 март
- Зодагони соли 1943
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Даргузаштагони 15 июл
- Даргузаштагони соли 2026
- Шахсоне, ки камтар аз як сол пеш вафот карданд
- Даргузаштагони Маскав
- Номзадҳои улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Занҳо-олимаҳо
- Хонадони Шаҳидӣ