Jump to content

Тахти Сулаймон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Тахти Сулаймон
Кишвар
Макон деҳистони Чаман[3]
Сабки меъморӣ меъмории ҳахоманишӣ[4][2], меъмории ашконӣ[d][4][2], меъмории сосонӣ[d][4][5][2], меъмории аббосӣ[d][4], меъмории салҷуқӣ[d][4] ва меъмории элхонӣ[d][4][2]
Мавод оҳакӣ[d][6][2], санг[4][2], хурдасанг[d][4], травертин[d][4][2], хишти хом[d][4][2] ва хишт[4]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Парчами ЮНЕСКО Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 1077
рус.ингл.фр.

Тахти Сулаймон (форсӣ: تخت سلیان‎) — маҷмӯъае таърихӣ дар устони Озарбойҷони Ғарбӣ, ки бузургтарин маркази омӯзишӣ, мазҳабӣ, иҷтимоъӣ ва ибодатгоҳи эрониён дар қабл аз ислом ба шумор мерафт. Дар соли 2003 тавассути ЮНЕСКО ба унвони мероси ҷаҳонӣ эълом шуд.

Тахти Сулаймон мансуб ба садаҳои 2 то м.—14 мелод, ки 1,5 км дуртар аз деҳаи Нусратободи Озарбойҷони Эрон воқеъ аст. Ҳайати муштараки ҳаффории илмии бостоншиносии Эрон ва РФГ омӯхтааст. Тахти Сулаймон калонтарин маркази динии шоҳаншоҳии Эрон ва як қисми шаҳри Шизи Озарбойҷони Эрон то замони ҳукмронии Сосониен будааст. Дар Тахти Сулаймон бузургтарин оташкадаи Эрон — Озаргушасп (Озаргушасп) ҷой гирифта буд.

Тахти Сулаймон дар болои теппаи баландиаш 20 м бино ёфтааст. Сатҳи Тахти Сулаймон байзашакл буда, арзаш аз шарқ ва ғарб 300 м ва тӯлаш аз шимол ба ҷануб 400 м аст. Деворхои ғафси атрофи Тахти Сулаймон аз сангу гач ва омехтаи оҳаку хокистар ба баландии зиёда аз 7,5 м сохта шудаанд. Деворҳо 38 бурҷи мудаввар доранд, фосилаи байни онҳо тақрибан 25 м аст, бурҷҳо зинатӣ ва миёнпуранд. Рӯи девору бурҷҳо бо сангҳо зинат ёфтааст. Тахти Сулаймон аз Шимол ва Ҷануб ду дарвозаи наълшакл дорад. Сохтмони деворҳо тақрибан дар замони сюртиҳо шурӯъ шуда, дар аҳди Сосониён ба охир расидааст ва то замони муғул вуҷуд дошт. Дар миёнаи Тахти Сулаймон кӯле ҳаст, ки оби он минералист.

Оташкадаҳои замони Сосониён аз рӯи дараҷа ва аҳамияти худ аз инҳо иборат буданд:

  1. Оташкадаи Озарфарнабағ, ки дар Кориёни Форс воқеъ буда, ба мубадон тааллуқ дошт.
  2. Оташкадаи Озармеҳрбарзин, ки дар шарқи Эрон воқеъ буда, аз они кашоварзон ҳисоб мешуд.
  3. Оташкадаи Озаргушнасп, ки муҳимтарин оташкада буда, дар Шиз (ё Ганзак) воқеъ буд ва ба подшоҳону лашкариён тааллуқ дошт.

Ибодат намудан дар ин се оташкада аз қадим дар байни зардуштиён расм будааст. Оташкадаҳои Озармеҳрбарзин ва Озаргушнасп дар замони Ашкониён низ фурӯзон буданд. Шоҳони сосонӣ ҳангоми воқеаҳои хуш ё нохуш (тоҷгузорӣ, қаҳтӣ, хушксолӣ) ба зиёрати оташкадаи Озаргушнасп меомаданд ва ҳангоми вуқӯи ҷанг онро зиёрат карда, пас аз додани назрҳо ба оташкада, аз ҳамон ҷо ба майдони ҷанг мерафтаанд. То замони ҳукмронии Ардашери I оташи Тахти Сулаймон дар фазои кушод фурӯзон буд, ҳарчанд, ки мувофиқи шариати зардуштиён шӯълаи офтоб набояд ба оташ метофт. Танҳо дар ахди Шопури I ба сохтмони оташкадаи шакли чаҳортоқй шурӯъ намудаанд. Бино ба ахбори Ёқути Ҳамавӣ ин оташкадаи бузургтарин ҳамеша фурӯзон буда, дар он гази табиӣ истифода мешудааст.

Тарҳ ва нақши оташкадаи Озаргушнасп асосан мувофиқи анъанаҳои маъбадсозии зардуштиён сохта шуда, «мураббаъ ва гумбадшакл будааст. Гумбад ва деворҳои атрофи он аз хиштҳои 30X8 см сохта шудааст. Истифодаи синҷҳои чӯбӣ дар мағзи девор барои мустаҳкамии бино яке аз хусусиятҳои санъати меъмории маҳаллӣ буд. Дар оташкада аз ҳашт қабат хишт фарш сохтаанд. Толори марказии оташгоҳ хиштӣ буда, девору гумбади азимаш гачкорӣ шудааст ва бино ба маълумоти муаррихон дар деворҳояш тасвироти зебои саҳнаҳои шикори подшоҳон ва маросими тоҷгузории онҳо бо обу ранги бадеӣ эҷод шудаанд. Оташкадаи Тахти Сулаймон ҳангоми лашкаркашии румиён бар зидди Хусрави Парвиз соли 624 мелодӣ хароб шудааст, дертар онро аз нав сохтанд ва минбаъд дар натиҷаи истилои араб тадриҷан вайрон шуд. Дар пеши оташкада айвони бузурге ҳаст, ки гӯё онро Хусрав сохтааст.

Дар самти шарқии оташкадаи асосӣ хонаи салибшакле ҳафр шуд, ки дар миёнаҷои он ҳавзчаи мураббаи 3X3 м қарор гирифта, дар ҳар гӯшаи он яктои пояи чаҳорсутун вуҷуд дорад. Агар оташи оташкадаи асосии Тахти Сулаймон оташи шаҳриёрон ва мубадон бошад, дар оташдони беруна оташи лашкариён фурӯзон буд. Тахмин меравад, ки хонаи салибшакл ҷои ҳифзи хазина ва назру ниёзи мутааллиқи маъбад будааст.

Оташкадаи асосӣ аз се тараф бо айвон иҳота шудааст, ки он бо 15 қатор сутунҳои сангӣ (фосилаи байнашон 2,5 м) оро ёфтааст ва базиликаҳои румиро ба ёд меорад. Дар байни оташкадаи Озаргуштасп ва айвони Хусрав қасри Хусрав ҷой гирифтааст. Ин қаср аз дигар биноҳои сосонӣ 4 м баландтар ҷой гирифта, аксаш дар оби ҳавзчаи Тахти Сулаймон мунъакис мегардад. Қасри Хусрав, ки соли 624 аз тарафи арабҳо хароб шуда буд, дар замони муғулҳо аз нав бунёд гардида, бо нақши зебо кошикорӣ шудааст. Дар кошиҳо тасвири аждаҳо, гавазн, оҳу, гулҳои зебо мавҷуданд. Дар ин ҷо миқдори зиёди гаҷӣ кандакории давраи муғул низ ба даст омад. Дар қисми шимолу шарқии оташкадаи Тахти Сулаймон маъбади Анаҳито кашф шудааст. Маркази он як толори мураббаъ аст, ки 8 сутуни чоркунҷа дорад ва дарҳои тоқпӯш ба онҳо такя мекунанд. Дарҳо аз 4 тараф ба долонҳои атрофи толори марказӣ роҳ мекушоянд.

Дар аҳди муғулҳо дар чаҳор тарафи ҳавзча қасрҳо сохта шудаанд, ки машҳуртарини онҳо қасри хусусии Обоқохон буд, ки майдони 100 м2-ро ишғол кардааст. Ин қасрҳои боҳашамат бо сангҳои наққошишуда, кошиҳо ва кандакории рӯи гаҷ оро ёфтаанд. Дар пеши ҳар як қаср силсилаи равоқҳо мавҷуд аст. Пас аз аҳди Обоқохон қасрҳо вайрон шуда, пас аз даври муғулҳо ба хароба табдил ёфтаанд.

Дар Тахти Сулаймон ғайр аз теъдоди зиёди зарфҳои сафолии сирдору бесир, асбоби рӯзгор, нақши мӯҳрҳо ёфт шуданд, ки дар онҳо аспи болдор, тагал, малах, каждум, анкабуд, мор ва дигар ҳайвоноту паррандагон тасвир ёфтаанд. Дар аксари нақши мӯҳрҳо шоҳон тасвир шудаанд, ки ба тасвири рӯи сиккаҳо монанданд, аммо дар нақши мӯҳрҳо тасвири онҳо возеҳтар ва калонтаранд. Дар атрофи баъзе аз ин осори муҳр ба хати паҳлавӣ катибаҳо вуҷуд доранд.

Ҳафриёти Тахти Сулаймон дар бораи тараққиёти сабкҳои меъмории даврам тӯлонӣ, таърихи дину мазҳаб, фарҳанг ва ҳунар маълумоти гаронбаҳо медиҳад.

  • Тахти Сулаймон / Ӯ. Пӯлодов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).