Таърихи Байҳақӣ
Унвони мақола |
форсӣ: تاریخ بیهقی форсӣ: تاریخ مسعودی |
---|---|
Мавзӯъи аслӣ | Таърихи Эрон ва Давлати Ғазнавиён |
Жанр | румони таърихӣ[d] ва chronicle[d] |
Нависанда | Абулфазли Байҳақӣ |
Кишвари созанда | |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | Persian dialect[d] |
Таърихи интишор | асри XI |
Нақлкунанда | Абулфазли Байҳақӣ |
Макони саргузашти воқеот | Давлати Ғазнавиён |
Шумораи қисмҳои осори адабӣ | 30 volume |
Тавсифҳо | Ғазнавиён |
«Таърихи Байҳақӣ» (форсӣ: تاریخ بیهقی) — асари Абулфазли Байҳақӣ, ки солҳои охири ҳаёташ ба забони форсӣ таълиф шудааст.
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]«Таърихи Байҳақӣ» ба султони Ғазнавиён султон Масъуди Ғазнавӣ бахшида шудааст, аз ин рӯ, дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ бо номҳои «Таърихи Масъудӣ», «Таърихи Оли Сабуктегин», «Ҷомеъи таърихи Оли Сабуктегин» ё «Муҷалладоти Абулфазли Байҳақӣ» дучор меояд. Ин асар аз 30 ҷилд (муҷаллад) иборат будааст, ки то имрӯз ҳамагӣ қисми охири ҷилди 5, ҷилдҳои 6—9 ва қисме аз ҷилди 10 боқӣ мондааст, ки бештар бо номи «Таъриш Масъудӣ» машҳур аст. Мавзӯи асосии асар тдърихи мухтасари салтанати сулолаи Ғазнавиён мебошад. Муаллифи асар, ки солҳои зиёд дабирии девони рисолати ин дарборро иҷро мекард, шоҳиди воқеа ва ҳодисаҳои зиёд буд ва ҳамаи ин барои навиштани чунин як таърихи муътабар маъхази боэъттмод шуд. Вай дар навиштани ин асар фақат ба тасвири ҳодисаҳои сиёсии давраи Ғазнавиён қаноат накарда, кӯшидааст, ки сабаб ва иллати бисёр ҷангҳо ва сафарҳои ҳарбии султон Маҳмуд ва султон Масъуди Ғазнавиро шарҳ диҳад. Ӯ нусхаҳои фармонҳою ҳукмҳоро айнан меорад, дар хусуси шоирону ашъори онҳо маълумот медиҳад. Барои ҷолибтар шудани асараш бештар ҳикоёти дилнишину мисолҳои шеърӣ меорад. Ба қавли муаллиф ҳар он чи ки ӯ дар таърихаш овардааст ё худ шоҳиди он аст ё аз ровии муътабар шунидааст, барон ҳамин гаштаю баргашта ба дурустии ахбори китобат таъкид мекунад. Забон ва услуби «Таърихи Байҳақӣ» бисёр соддаю равон аст. «Таърихи Байҳақӣ» барои омӯхтаии ҳодиса ва воқеаҳои таърихию адабии даираи Ғазнавиён сарчашмаи боэътимод ба шумор меравад.
Нашрҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]«Таърихи Байҳақӣ» солҳои 1801— 1862 дар Калкатта, 1889—1890, 1940,1945 дар Теҳрон нашр ва ба забонҳои русӣ, арабӣ тарҷума шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.