Абулфазли Байҳақӣ
Абулфазли Байҳақӣ | |
---|---|
араб. форсӣ: ابوالفضل محمد بن حسین بیهقی | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муаррих, нависанда, муншӣ |
Таърихи таваллуд: | 995[1] ё 996 |
Зодгоҳ: |
|
Таърихи даргузашт: | 21 сентябр 1077[2] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | суннӣ |
Устодон: | Абунасри Мушкон |
Осор: |
Феҳрист
|
Вироиши Викидода |
Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ (ар. أبو الفضل البيهقي; тақр. 996, Ҳорисобод, Байҳақ — 1077) — муаррихи маъруфи форс-тоҷик, дабир ва раиси девони рисолати Ғазнавиён. Муаллифи Таърихи Байҳақӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи зиндагии ӯ иттилооти кофӣ мавҷуд нест. Абулфазли Байҳақӣ таҳсилоти хубе дошта, дар ҳунари адаб ва зарофати иншо маъруф будааст.
Дар дарбор муддати 20 сол ифои вазифа кардааст. Падараш дар замони Маҳмуди Ғазнавӣ дар дарбор соҳиби мансаби муҳимме будааст. Овони ҷавониаш аввалҳо дар Сабзвору Нишопур ва баъдан дар шаҳри Ғазна сипарӣ шудааст. Дар мадориси Нишопур таҳсилу такмили илм кардааст. Аз 27-солагиаш «ба хидмати девони рисолати султон Маҳмуди Ғазнавӣ» омада буд.
Дар замони Абдуррашиди Ғазнавӣ (1049-52) ба мансаби девони рисолат расид. «Баъд аз муддати кӯтоҳе аз мақоми худ орӣ шуда ва амволаш мусодира ва ба зиндон афтод». Баъди раҳоӣ аз зиндон дигар ба дарбор нарафт ва то охири умр ба таълифи асарҳо банд буд.
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Мутобиқи маълумоти «Таърихи Байҳақ»-и Абулҳасани Байҳақӣ Абулфазл китоби дарсие барои амалдорони давлатӣ-ба унвони «Зинату-л-куттоб» навишта будааст, вале он аз байн рафта, танҳо пораҳое аз он дар «Таърихи Байҳақ» то имрӯз расидаанд. Дар «Таърихи Масъудӣ» Байҳақӣ аз китобе ба номи «Мақомот» ё «Мақомоти Маҳмудӣ» ёд мекунад, ки дар он баъзе номаҳои салтанатӣ дарҷ шуда будаанд. Ҳамчунин китоби дигари ӯ «Мақомоти Абунасри Мушкон» низ то рӯзгори мо нарасидааст, вале пораҳое аз он дар китоби «Осору-л-вузаро»-и Сайфуддини Уқайлӣ боқӣ мондаанд. Ин шояд ҳамон «Мақомоти Маҳмудӣ» бошад.
Таърихи Байҳақӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобе, ки Байҳақиро машҳур гардонд, асари таърихии ӯ — «Таърихи Байҳақӣ» (бо номҳои «Таърихи оли Сабуктегин» , «Ҷомеъ фӣ таърих банӣ Сабуктегин» ва «Ҷомеъи таърихи оли Сабуктегин» ҳам маълум аст) мебошад. Асар аз 30 ҷилд иборат буда, асосан ҳаводиси замони зиндагии муаллифро фаро гирифтааст. Аз ин 30 ҷилд танҳо 6 ҷилди он (ҷ-ҳои 5-10) баъзе мукаммал ва қисман нопурраву пароканда дар алоҳидагӣ ва ё дар китобҳои таърихии дигар то ба замони мо расидаанд. Ва ҳамин қисматҳои расида асосан замони Масъуди Ғазнавиро дар бар мегиранд ва бад-ин сабаб ба номи «Таърихи Масъудӣ» низ ёд мешаванд.
Аз пораҳое, ки то замони мо имрӯз маҳфуз мондаанд, маълумоти муҳиммеро доир ба таърихи Саффориён, вақоеи охирҳои ҳукумати Сомониён, ҳаводиси аввалҳои давлатдории Ғазнавиён, муҳорибаҳои тоҷикони вил. Ғур муқобили салотини Ғазнин, оғози забткориҳои сарзамини тоҷикон аз ҷониби туркманҳо (ибтидои таърихи Салҷуқиён) ва таърихи давлатдории Қарохониёну мухолифатҳои шадиди дохилии ононро метавон пайдо кард. Ин китоб аввалин асари илмии таърихиест, ки дар он калимаи «тоҷик» ба маънии мардуми алоҳидае истифода гардидааст. Ҳамчунин ин китоб аз зумраи беҳтарин намунаҳои насри порсии дарист. Байҳақӣ на танҳо дар байни таърихнигорони тоҷик, балки дар миёни тамоми муаррихони исломӣ аввалин нависандаи таърих аст, ки асари таърихии мукаммале офарид ва он қариб тамоми соҳоти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеаи асримиёнагии як минтақаи муайянро (ҷое мухтасар ва дар мавриде муфассал) дар бар мегирифт. Тавре худаш зикр мекунад: «Дар дигар таворих чунин тӯлу арз нест, ки аҳволро осонтар гирифтаанд ва шаммае беш ёд накардаанд, аммо ман чун ин кор пеш гирифтам, мехоҳам, ки доди ин таърихро ба тамомӣ бидиҳам ва гирди завоёву хабоё баргардам, то ҳеч чиз аз аҳвол пӯшида намонад».
Бино ба навиштаҳои Алиакбари Деҳхудо «Байҳақӣ мӯҷиди (эҷодкор) фанни таърих нест. Пеш аз ӯ ба забони форсӣ таърихҳо навиштаанд, вале дар ҳамаи муваррихини қадими мо шояд ҳеч кас ба қадри Байҳақӣ таърихро дуруст нафаҳмида ва ба шароиту одоби таърихнависӣ истисъор надоштааст. Иддае, ки Байҳақӣ дар ин фан оварда, ҳатто дар назари худи ӯ бесобиқа будааст».
Нашрҳо ва тарҷумаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Китоби «Таърихи Байҳақӣ»-ро бори аввал дар Калкутта шарқшиноси англис В. Морлей (солҳои 1861-62) нашр кардааст. Баъдтар се бори дигар дар Эрон ба табъ расида, соли 1962 дар Тошкент ба забони русӣ чоп шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
- ↑ https://pantheon.world/profile/person/Abu'l-Fadl_Bayhaqi
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1978;
- Ӯзбек совет энсиклопедияси. Ҷ. 1. Тошкент, 2000;
- Мирхонд. Равзату-с-сафо. // Пешгуфтор ва таълиқоту ҳавошии Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. Д., 2004.
- محمد معین. فرهنگ فارسی. ج.۵. تهران، ۱۳۷۵ هـ. ش؛
- دهخدا. لغتنامه. ج ۱. تهران، ۱۳۷۷؛
- دائرة المعارف بزرگ اسلامی. ج ۱۳. تهران، ۲۰۰۵؛.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Байҳақӣ Абулфазл / Б. Раҳматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |