Таъсиси созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дар охири солҳои 1980-ӯм ва ибтидои солҳои 1990-ӯм дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тамоили ҷунбишҳои миллӣ-демократӣ босуръат авҷ гирифта буд. Дар натиҷаи ҷамъомаду гирдиҳамоиҳое, ки тамоми соли 1989 дар Тоҷикистон (барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ), махсусан дар Душанбе шуда гузаштанд, ба таъсиси аввалин созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ такон доданд. Майи соли 1989 дар Душанбе маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» ташкил ёфт. Дар ин маҳфил, ки ба мисли «микрофони озод» амал мекард, шаҳрвандон аз пойтахт ва ноҳияҳои дурдаст омада андешаҳои худро озодона баён намуда, ин ё он амалдори ҳизбӣ ё давлатиро ба зери танқид мегирифтанд. Баъзан, бо ташаббуси маҳфил барои саволу ҷавоб амалдорони давлатӣ, аз ҷумла вазирон даъват карда мешуданд. Ба ин маҳфил тақлид намуда дар шаҳру ноҳияҳо ҷамъомадҳо рӯй медоданд. Мардуми дар ғафлатбудаи тоҷикро баҳсу мунозираҳои гуногун оид ба камбудиҳои мавҷуда бедор мекард.

15 сентябри соли 1989 дар Душанбе маҷлиси муассисони созмони сиёсии «Растохез» барпо гардид, ки дар он бештар намояндагони зиёиён, махсусан ҷавонон, ҳатто коммунистон иштирок намуданд. Дар фаъолияти ин ҷамъият талабҳои истиқлоли сиёсӣ (дар доираи Иттиҳоди нави таҷдидёфта), иқтисодӣ, ҳимояи манфиати фарҳангии халқи тоҷик, баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ ва ғайраҳо гузошта шуд. Сарвари созмони сиёсии «Растохез» иқтисодшинос, номзади илмҳои иқтисодӣ Тоҳир Абдуҷаббор интихоб гардид. Барномаи «Растохез» ба ҷамъияти сотсиалистӣ хавфи ҷиддӣ надошт. Аммо сарварони ҳизби коммунистӣ фаъолони созмони сиёсии «Растохез»-ро таъқиб менамуданд. Дар натиҷа ин ҷамъият зуд ба мавқеи зиддикоммунистӣ гузашт.

Дар солҳои 1989—1990, дар ҷумҳурӣ, боз дар шаҳри Кӯлоб (созмони «Ошкоро»), дар шаҳри Хуҷанд (созмони «Эҳё»), дар шаҳри Конибодом ва Истаравшан (созмони «Ваҳдат»), дар Хоруғ (созмони «Лаъли Бадахшон») ва дигарҳо ба вуҷуд омада, фаъолият мекарданд.

10 августи соли 1990 дар Душанбе аввалин ҳизби ғайрикоммунистӣ — Ҳизби демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Сарвари он номзади илмҳои фалсафа Шодмон Юсуф интихоб гардид. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сарварии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳарчанд пештар бунёд гардида буд, вале танҳо 26 октябри соли 1991 фаъолияти он ба қонуният дароварда шуд.

Бисёре аз созмонҳо ва ҳизбҳои навтаъсисёфтаи ҷумҳурӣ нашрияҳои худ — рӯзномаҳои хешро доштанд ва ба воситаи онҳо андешаҳои худро дар байни мардум паҳн мекарданд.

12 декабри соли 1990 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қарор қабул кард, ки мувофиқи он дар ҷумҳурӣ ҳизбу созмонҳои нав қонунӣ, ошкоро фаъолият карда метавонистанд.[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳотамов Н., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик. (Китоби дарсӣ) — Душанбе, 2011.