Тағоймурод Розиқов
| |
Таърихи таваллуд: | 26 ноябр 1946 (77 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша |
IMDb: | ID 0747620 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Тағоймурод Розиқов (тав. 26 ноябри 1946) — коргардон, ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1964) ва Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав (1971).
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1971 ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов. Ҳамзамон аз соли 1997 профессор ва декани факултаи театрӣ-бадеии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода.
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар саҳнаи театр зиёда аз 60 нақш офаридааст:
- Вандалино («Муаллими рақс»-и Лопе де Вега),
- Қурбон («Сафар Амиршоев»-и Р. Сафаров),
- Саларидзе («Айбнома»-и Н. Думбадзе),
- раис («Торҳои муҳаббат»-и Қ. Киром),
- Балъамӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода),
- Инсоф («Сухани вопасин»-и Ш. Ҳусайнов),
- Дон Жуан («Якпула савдо, садпула ғавғо»-и В. Шекспир),
- Ношинос («Гирдоби бало»-и А. Островский),
- Файз Аҳмади Файз, Лоҳутӣ («Хуршедсавор», «Умри ҷовид»-и А. Сайфуллоев),
- Гӯрғулӣ («Заволи Чамбули мастон»-и С. Айюбӣ),
- вазир («Падари миллат»-и А. Баҳорӣ),
- Туғрал («Туғрал»-и Қ. Киром),
- шоҳ («Чашмони бародари қиёматӣ»-и Н. Табаров) ва ғайра.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар якчанд филми «Тоҷикфилм» — «Бофандагон», «Шикори охирин», «Доми шағолон», «Дар ағба», "Чоҳ, «Парвози занбӯр», «Умеди охирин», «Нишони зиндагӣ», «Пуштаи хандақпеч», «Сукут», «Нигоҳи охирин», «Ман гунаҳгорам», «Дар орзуи падар», "Нисо, «Гирдоб», «Шамсиддин Шоҳин» ва ғайра ва намоишномаҳои телевизиони Тоҷикистон нақшҳои ҷолиб офаридааст; дар дубляжи филмҳо низ ширкат дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 540. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |