Jump to content

Театри Маяковский (Душанбе)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский – яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковскийи шаҳри Душанбе, 7 ноябри соли 1937 таъсис ёфтааст. Нахустин мавсимро театр бо спектакли «Замин»-и Н.Вирти оғоз кардааст. Жанри театр драмавӣ мебошад. Яке аз аввалин ҳунарпешаҳои театр Николай Волчков буд, ки соли 1974 унвони Ҳунарпешаи халқии СССР аз Тоҷикистон сазовор шудааст.

Коллективи эҷодии театр асосан асарҳои драматургони советӣ «Соати бурҷи Кремль»-и Н. Погодин, «Масъалаи русҳо», «Сояи бегона»-и К.Симонов, «Барои онҳое, ки дар баҳранд»-и Б.Лавренев, «Интервенция»-и Л.Славин, «Дар паси фронти дуюм»-и В.Собко, «Бронеопезди14-69»-и В.Вишневский, «Кӯпруки оташин»-и Б.Ромашов ва ғайраҳоро таҳия намуданд. Театр бо Ордени Дӯстии халқҳо, с. 1988 дар нахустин Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» бо намоишномаи «Елена Сергеевнаи азиз» ғолиб доиста шуд. Ҳайати эҷодии театр аз 6 то 13 сентябр дар Фестивали 1-уми байналмиллалии театрҳои мамолики Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид,бо спектакли «Рустам ва Суҳроб»-и В.Жуковский ширкат варзид. Намоишномаи мазкур баҳои баландро сазовор шуд. Директори театр –Суҳроб Мирзоев Саркоргардони театр- Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон С.Усмонов.

Ҳунарпешагон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Театрро гурӯҳи артистон; Е. В. Аргуновская, В. А. Арзуманов, К. П. Балл, Л. И. Бачавёр, А. А. Герр, К. П. Эфименка, М. Д. Зикруткин, Е. К. Забиакин, Л. С. Карнеев, Н. Я. Каюков, В. Я. Рейнбахт, Э. И. Рогулина, О. М. Смирнова, Ф. М. Тошмуҳаммадов пурра намуданд.

Солҳои 2009- 2010:

  • 2 н. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
  • 1 н. Дорандаи ордени «Шараф»
  • 1 н. Дорандаи ордени «Шараф», дараҷаи 2
  • 1 н, Дорандаи медали «Хидмати шоиста»
  • 3 н. Дорандаи «Ифтихорнома»-и Президенти ҶТ

Асарҳои таҳияшуда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 2009- 2010:

  • «Шаби охирони Суқрот»-и С. Цинев,
  • «Ишқи аввалини Насриддин»-и Т. Зулфиқоров,
  • «Безумие. Год 1793»-и П. Вайс,
  • «Масхарабоз ва дӯстони ӯ»-и Б. Абдураззоқов,
  • «Маро тарк макун»-и А. Дударев,
  • «Се хоҳарон»-и А.П. Чехов.


  • Роҳнамо (маълумотнома). Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2010

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]