Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон
Театри давлатии лӯхтаки ш. Бӯстон – яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар шаҳри Бӯстон ҷойгир аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Театри давлатии лўхтаки ш. Чкалов коллективи ҳунариест, ки соли 1950 бо ташаббуси гурӯҳи актёрони ҳаваскори Театри драма ва мазҳакаи русии ш. Чкаловск таъсис ёфтааст. Нахустспектакли театр «Гулаки сурх»-и А.Аксаков (1950) буд. Соли 1952 студияи лӯхтакбозон таъсис ёфт, ки А.Волохова, Н.Карпова, И.Морозов, Н. Полигалов ва диг. дар ҳайати он буданд. солҳои 50 театр қариб 30 спектаклро аз рӯи афсонаҳои халқҳои ИҶШС ва рус таҳия намуда, пешкаши тамошобинон гардонд. Соли 1965 дар Театри ҷумҳуриявии лӯхтак гурӯҳи тоҷикӣ ташкил гардид. Соли 1971 театр узви Иттиҳоди байналхалқии ходимони театри лӯхтак (УНИМА) гардид. Соли 1979 коллектив дар Фестивали байналхалқии театрҳои лӯхтак, ки УНИМА дар шаҳри Тошканд гузаронид иштирок карда, сазовори ҷоизаи махсус гардид (барои спектакли «Қиссаи аввал», аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, пейсаи А. Атобоев, Е. Абраамян, реж. таҳиягар Абраамян, рассом Т. Кислова). Репертуари театр ғанӣ буда, дар тӯли фаъолияти худ бештар аз 150 спектакл намоиш дод (тоҷикӣ ва русӣ). Маъмултарини он: «Бузаки ҷингилапо»-и Н. Бақозода, «Саодати ӯҳдабаро» ва «Парвоз ба Моҳ»-и Ф.Тошмуҳаммадов, «Чӯпонбача ва оҳуи тило»-и Ш. Қиёмов, «Гилеми кабуд»-и Т.Аҳмадхонов, «Донаки сеҳрнок» ва «Суруди Бахтиёр»-и Н.Исломов, «Шаҳри тилоӣ»-и Р.Марухян, «Шайтони гӯшда-роз»-и Р. Мингалиев, «Уқобча»-и М. Супонин, «Алибобо ва роҳзанҳо»-и Б. Маслов, «Духтари ҷасур» ва «Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов ва ғ. Солҳои 90-ум асри XX Театри ҷумҳуриявии лӯхтак якчанд намоишномаҳоро аз қабили «Хирсбачаҳои хушҳол», «Кали зирак ва бой», «Дури нилгун», «Мишкаи дурӯғгӯй», «Хурӯсчаи гапногир», «Хуршед ва ҷодугари ғаммоз», «Се хукбача», «Рӯбоҳаки ҳиллагар», «Дарахти зардолу», «Саргузашти Лаку Пак», «Тоқисурхак» ва ғ.-ро ба тамошобинони хурдсол манзур намуд. Намоишномаи ба «Парасту-2003» пешниҳоднамудаи Театри ҷумҳуриявии лӯхтак – «Дарахти дӯстӣ бинишон» (Н. Шарифов) аз ҷониби тамошобинон ва мутахассисон баҳои баланд гирифт.
Ҳайати театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар театр гурӯҳи болаёқати актёрон Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон А. Волохова, М. Бойматова, артистон У. Абдуллоев, И. Грибовская, Н. Бойматов, В. Пименова, Л. Лихнер, М. Алибоева, В. Одинаев, Ш. Юсуфова, К. Додарбеков, А. Боймуродов, С. Бобоев, С. Холов, А. Ҳоҷибоев кор кардаанд. Дар пешравии театр В. Соколова, Пантелеймонова (директори театр), П. Поздняк, А. Аҳмадов, А. Тараханов, П. Рудометкин саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳайати театр дар соли (2003) аз Н. Ахмедова, Насиба Ахмедова, А. Ахмедов, Ф. Мӯъминов, Р. Мӯъминов, В.Н. Лихачёва, Е. Крапоткина, С. Казансов, Р. Маҷидов, Н. Числов, З. Зиёева ва диг. иборат буд. Саррежиссёри Театр – Н. Шарифов (аз соли 1988). Директорони театри ҷумҳури-явии лӯхтак – П. Рудометкин (1988-95), А. Мақсудов (аз соли 1995). Театр ҳар сол 4 спектакл таҳия намуда, қариб дар ҳамаи ноҳияву деҳоти ҷумҳурӣ барои бештар аз 300 ҳаз. тамошобин намоиш медиҳад (ба забони тоҷикӣ ва русӣ). Коллективи театр чанд бор сазовори ҷоизаи Вазорати маданияти ИҶШС гаштааст. Соли 1983 театр дар Азназаргузаронии умумииттифоқии драматургия ва санъати театрии халқҳои ИҶШС бо Дипломи дараҷаи III-и Вазорати маданияти ИҶШС, Котиботи ИН ИҶШС ва КМ Иттифоқи касабаи коркунони маданият мукофотонида шуд (барои спектакли «Суруди Бахтиёр», режиссёр –таҳиягар Е. Абраамян, рассом Т. Кислова).[1]
Ҳунарпешагон
[вироиш | вироиши манбаъ]1 н, Дорандаи медали «Хидмати шоиста»
Асарҳои таҳияшуда
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 2009- 2010:
- «Лаку Пак»-и И. Усмон,
- «Рубоҳаки маккор»-и Н. Аҳмадова,
- «Хирсчаҳои хушҳол»- и Н. Шарипов.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Исломов Н. Театри ҷумҳуриявии лӯхтак (маълумотномаи шарҳиҳолӣ) //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. - Душанбе, 2004.- ҷ. 3. - С. 199.
- Роҳнамо (маълумотнома). Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010