Jump to content

Театри лухтаки Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Театри давлатии лухтак. ш. Душанбе.

Театри давлатии лӯхтак – яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

7 сентябри соли 1985 таъсис ёфт ва барои он бинои зебову боҳашамате сохта шуд, ки наздии боғи кӯдакони шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар ин бино барои ҳунармандони лӯхтаксоз ҳамаи шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Саркоргардонии ин театро ба уҳдаи Арбоби шоистаи cанъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов вогузор намуданд.Театр мавсими нахустини худро бо намоишномаи «Саргузашти Нанук»-и Шамсӣ Қиёмов, мусиқии Қ. Яҳёев дар таҳияи Зафар Ҷаводов оғоз кард. Кушодашавии театрро кӯдакони пойтахт ва ноҳияҳои атрофи Душанбе бо хушнудӣ қабул намуданд. Доимо толори театр аз кӯдакон ва волидайнашон пур аст ва намоишҳои артистонро хуш қабул мекунанд. Театри давлатии лӯхтак дар зарфи мавҷудияти хеш беш аз 50 асарро саҳнавӣ намуданд. Ҳунармандон борҳо дар фестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла дар Эрон, Олмон, Фаронса, Швейсария, Италия, Покистон, Испания, Русия, Муғулистон ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳои баланд гардиданд.

Ҳунарпешагон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳайати ҳунарпешагони театр аз ҳисоби мутахассисони драмавию мусиқӣ ва кино хоста гирифта шудаанд. Дар натиҷа як ҳайати эҷодии хубе рӯи кор омад, ки намоишҳои лӯхтакиро дар сатҳи касбӣ таҳия намуд.Ҳунармандони театр:Димитрий Якобсонов, Александр Крестянинов, Александр Якобсонов, Усмон Давронов, Бобоалӣ Салимов, Маҳинбону Гасанова,Абдурофеъ Бузруков, Изатулло Сафаров, Зебо Муродова,Азизқул Рӯзиев, Раҷабалӣ Тошев, Шамъигул Саидова, Ҳотам Салимов, Гулбегим Заоолшоева, Геран Одинаева, Ситора Муҳаммадҷонова, Гулниссо Сайдалиева, Оимхол Қаюмова ва дигарон буданд. Соли 2011 дар ҳайати ҳунарпешагони театр:

1 н. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

1 н. Арбоби ҳунари Тоҷикистон

1 н. Дорандаи ордени «Шараф», дараҷаи 2

1 н, Дорандаи медали «Хидмати шоиста»

1 н. Арбоби ҳунари Тоҷикистон

Асарҳои таҳияшуда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 2009- 2010:

«Оби мусаффо»-и И. Сафаров ва Ҳ.Салимов,

«Ҷангалаки зебои мо»-и И. Сафаров ва Ҳ.Салимов,

«Боз як афсона»-и А.Аминов ва З. Ҷаводов,

«Таҳаюлот, андешаҳо, андешаҳо…»-и З. Ҷаводов ва А.Аминов,

«Соли нав дар кишвари ҳафтбарф»-и Г. Одинаева,

«Наврӯзи човандозон»-и Ҳ. Салимов,

«Хирсаки Рим-Тим-Тим»- и Я. Вилковский,

«Шоҳзода Иван»-и Сан-Юс.

Роҳнамо (маълумотнома). Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010