Темур Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Темур Раҳимов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус ҷуду[2]
Зодрӯз 8 июл 1997(1997-07-08)[1] (26 сол)

Темур Раҳимов (зод. 8 июли 1997, ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон) — ҷудукори тоҷик (вазни +100 кг), Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳимов Темур 8 июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шудааст[3]. Аз хурдсолӣ, яъне шашсолагӣ ба тамрини куштӣ оғоз кардаст. Ба қавли худи ӯ «Хеле хурд будам, ки бобоям Рустам Абдураҳмонов маро барои тамрин ташвиқ кард. Ӯ дар ташаккули маснади варзишии ман саҳми зиёд дорад»[4]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Темур Раҳимов дар раддаи ҷудукорони серҷоизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, тайи солҳои охир дар чандин мусобиқоти дохиливу хориҷи кишвар барандаи нишонҳои тило, нуқра ва биринҷӣ шудааст. Мавсуф баранди нишони нуқра (Фуҷайра; 2019) ва биринҷӣ (Бишкек; 2021)-и Қаҳрамонии ҷудуи Осиё, барандаи нишонҳои нуқра (Боку; 2021) ва биринҷӣ (Абӯзабӣ; 2021, Тел-Авив; 2022) мусобиқоти байналмилалии Тоскулоҳи бузург (Гран салам) ва нишони биринҷии Гран прии Мағриб (2019) мебошад.[5] Иштирок дори Бозиҳои тобистонаи олимпик (Токиё-2020).

Euronews 7 ноябри соли 2022 иттилоъ дод, ки Темур Раҳимов дар шаҳри Боку, кишвари Озарбойҷон дар вазни 100 кг медали тиллои мусобиқаи "2022 Judo Grand Slam Baku"-ро соҳиб шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. https://www.olympedia.org/athletes/146825
  2. https://www.judoinside.com/judoka/45153 (ингл.) — 2002.
  3. Тимур Рахимов(рус.). Vesti.kz. 22 феврали 2022 санҷида шуд.
  4. Sputnik. Как таджикский дзюдоист из района Рудаки стал одним из лучших в Азии(рус.). Sputnik Таджикистан (20180128T1020+0500). 22 феврали 2022 санҷида шуд.
  5. 10 молодых спортсменов, которыми гордятся в Таджикистане(рус.). weproject.media. 22 феврали 2022 санҷида шуд.