Тими миллии футболи Олмон
Тими миллии футболи Олмон | |||
---|---|---|---|
Лақаб |
Die Nationalmannschaft ("Тими Миллӣ") Die Nationalelf ("Ёздаҳи Миллӣ") |
||
Сармураббӣ | |||
Менеҷер | Oliver Bierhoff[d] | ||
Капитан | Michael Ballack | ||
Бештарин бозии миллӣ |
Lothar Matthäus (150) | ||
Беҳтарин голзан |
Gerd Müller (68) | ||
Радабандии ФИФА |
8 | ||
Коди ФИФА | GER | ||
Беҳтарин пирӯзӣ |
|||
Шаблон:Country data Germany old Олмон 16 - 0 Русия ![]() (Stockholm, Sweden; 1 July, 1912) |
|||
Бадтарин шикаст |
|||
![]() (Оксфорд, Англия; 16 Март, 1909) |
|||
Ҳузур | Ҷоми ҷаҳонии футбол (аввалин бор 1934) | ||
Натиҷа | Ғолибон, 1954, 1974, 1990 | ||
Ҳузур | 9 (аввалин бор 1972) | ||
Натиҷа | Ғолибон, 1972, 1980, 1996 |
Ситораҳои футбол[вироиш]
Франс Беккенбауэр (Beckenbauer) дар ҳайати тими мунтахаби Олмон (1965–77) чемпиони ҷаҳон (1974) ва Аврупо (1972) шудааст; дар 103 дидор ширкат намуда, 1 гол задааст. Солҳои 1972 ва 1976 беҳтарин футболбози Аврупо эътироф шуд. Яке аз беҳтарин бозингари ин тим (чемпионати ҷаҳон оид ба футбол соли 2006), Михаэл Баллак буд. Ин футболбози моҳири "Бавария", дар ҷаҳон низ яке аз хавфноктарин нимҳимоягарон ба шумор мерафт. Дар 62 бозияш дар ҳайати тими миллии Олмон, Баллак 29 голро ба нишон задааст. Сармураббии содиқи ин даста Йоахим Лёв ӯро ҳамчун муҳимтарин футболбози Олмон ном бурдааст.
Сармураббӣ[вироиш]
Франс Беккенбауэр (Beckenbauer) cолҳои 1984–90 мураббии тими мунтахаби Олмон буд ва онро ба мақоми ноиб-чемпионӣ (1986) ва чемпиони ҷаҳон (1990) расонд. Юрген Клинсман роҳбарии дастаро баъд аз ба нокомӣ дучор шудани Олмон дар чемпионати Аврупо соли 2004 қабул кард. Усулҳои нави мураббӣ на ба ҳама маъқул омаданд, вале дар давоми як муддати кӯтоҳ ӯ як дастаи пуқувватеро ташкил кард ва дар амал собит намуд, ки тими миллии Олмон чӣ гуна моҳирона бозӣ карда метавонад.
1930 | иштирок накардааст | 1934 | ҷои сеюм |
1938 | 1/8 финал | 1950 | иштирок накардааст |
1954 | ҒОЛИБ | 1958 | ҷои чорум |
1962 | 1/4 финал | 1966 | ҷои дуюм |
1970 | ҷои сеюм | 1974 | ҒОЛИБ |
1978 | даври дуюми гурӯҳӣ | 1982 | ҷои дуюм |
1986 | ҷои дуюм
|
1990 | ҒОЛИБ |
1994 | 1/4 финал | 1998 | 1/4 финал |
2002 | ҷои дуюм | 2006 | ҷои сеюм |
ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛИИ ОЛМОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ ОЛМОН 2006
Дарвозабонҳо: Леманн ("Арсенал"), Кан ("Бавария"), Ҳилдебранд ("Штутгарт (дастаи футбол)").
Ҳимоягарон: Фридрих ("Герта"), Ҳут ("Челсӣ"), Янсен ("Боруссия М" ), Лам ("Бавария"), Мертезакер ("Ганновер"), Метселдер ("Боруссия"), Новотни ("Байер").
Нимҳимоягарон: Баллак ("Челсӣ"), Боровски ("Вердер"), Фрингс ("Вердер"), Кел ("Боруссия Дортмунд" ), Шнайдер ("Байер (дастаи футбол)|Байер"), Швайнштайгер ("Бавария"), Ҳитслшпергер ("Штутгарт").
Ҳуҷумкунандагон: Асамоа ("Шалке"), Клозе ("Вердер"), Нойвилл ("Боруссия М" ), Подолски ("Кёлн"), Ханке ("Вердер"), Одонкор ("Боруссия Д").