Франс Беккенбауэр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Франс Беккенбауэр
Иттилооти умумӣ
Таваллуд 11 сентябр 1945(1945-09-11)[1][2][3][…] (78 сол)
Шаҳрвандӣ
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ
Маснад

Франс Анто́н Беккенба́уэр (олмонӣ: Franz Anton Beckenbauer; тав. 11 сентябри 1945, Мюнхен) — варзишгар ва мураббии олмонӣ (футбол). Муҳофизатгари тимҳои «Бавария» (Мюнхен, 1958-77), «Космос» (Ню-Йорк, 1977-80). "Ҳамбург " (1980-82), Чемпиони Олмон (1969, 1972-74, 1982) ва Лигаи футболи Амрикои Шимолӣ, барандаи Ҷоми чемпионҳои Аврупо (1974, 1975, 1976), Ҷоми барандагони ҷомҳо ва Ҷоми байниқитъавӣ (1967).

Дар ҳайати тими мунтахаби Олмон (1965-77) чемпиони ҷаҳон (1974) ва Аврупо (1972) шудааст; дар 103 дидор ширкат намуда, 1 гол задааст. Солҳои 1972 ва 1976 беҳтарин футболбози Аврупо эътироф шуд. Солҳои 1984-90 Беккенбауэр мураббии тими мунтахаби Олмон буд ва онро ба мақоми ноиб-чемпионӣ (1986) ва чемпиони ҷаҳон (1990) расонд. Аз миёнаи с-ҳои 90 садаи XX то соли 2006 Беккенбауэр президенти тими «Бавария» буд. Франс Беккенбауэр дар радифи 20 футболбози беҳтарини садаи XX сабт шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Трухан А. Б. Ф. Беккенбауэр (Биографический очерк). М., 2001;
  • Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]