Jump to content

Толибхон Азимзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Толибхон Азимзода
Таърихи таваллуд: 25 ноябр 1959(1959-11-25) (65 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Толибхон Ситамурод Азимзода — ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум.[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Толибхон Азимзода 25 ноябри соли 1959 дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро аз соли 1967 то соли 1977 дар мактаби миёнаи рақами 16 ноҳияи Ёвон гирифтааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

  • Аз августи соли 1977 то апрели соли 1978 коргари заводи таъмири механикии ноҳияи Ёвон.
  • Аз апрели соли 1978 то июли соли 1978 коргари заводи оҳану бетонии ноҳияи Ёвон.
  • Аз сентябри соли 1978 то июни соли 1983 донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).
  • Аз июн то октябри соли 1983 сафарбар ба ҷамъомади ҳарбӣ.
  • Аз ноябр то декабри соли 1983 коромӯз дар вазифаи прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти собиқ Қурғонтеппа.
  • Аз моҳи декабри соли 1983 то моҳи феврали соли 1986 дар вазифаи прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти собиқ Қурғонтеппа.
  • Аз моҳи феврали соли 1986 то ноябри соли 1988 ёрдамчии калони прокурори вилояти собиқ Қурғонтеппа барои назорату иҷроиш.
  • Аз моҳи ноябри соли 1988 то моҳи ноябри соли 1990 ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон барои назорату иҷроиш.
  • Аз моҳи ноябри соли 1990 то моҳи январи соли 1993 ёрдамчии калони прокурори вилояти собиқ Қурғонтеппа.
  • Аз моҳи январи соли 1993 то моҳи майи соли 1994 муовини прокурори ноҳияи Ёвон.
  • Аз моҳи майи соли 1994 то моҳи сентябри соли 1996 прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон.
  • Аз моҳи сентябри соли 1996 то октябри соли 2001 муовини прокурори вилояти Хатлон — сардори Раёсати тафтишотии ҳамин прокуратура.
  • Аз моҳи октябри соли 2001 то октябри 2006 сол прокурори ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷ.Румӣ).
  • Аз моҳи октябри соли 2006 то майи 2009 прокурори ноҳияи Панҷ.
  • Аз моҳи майи соли 2009 то моҳи майи соли 2010 муовини аввали прокурори вилояти Хатлон.
  • Аз моҳи июли соли 2010 то июли соли 2012 ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон барои назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллӣ.
  • Аз моҳи июли соли 2012 то соли 2015 прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Рутба — мушовири адлияи дараҷаи якум мебошад. Корманди фахрии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 буд.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб шудааст.[2]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]