Jump to content

Тошпӯлод Гулмуродов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тошпӯлод Гулмуродов
Таърихи таваллуд 3 январ 1953(1953-01-03) (71 сол)

Тошпӯлод Гулмуродов (зод. 3 январи 1953, деҳаи Ҷаврат, ноҳияи Регар) — ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ, доктори илмҳои тиб (1989), профессор (1990), профессор (1990), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино (2003).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1974). Ординатори клиникии Институти ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулеви АИТ ИҶШС (1974—1976), ҷарроҳи Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии рагҳо (1976—1980), ассистенти кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ (1980—1986), докторанти Институти ҷарроҳии ба номи А. В. Вишневскийи АИТ ИҶШС (1986—1989), дотсент (1989—1990) ва профессори кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаб (1990—1992), мудири кафедраи ҷарроҳи (хирургия)-и факултавии ДДТТ (1992—2003), директор (2003 −2010) ва роҳбари илмии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва сандуқи сина ҳамзамон мудири кафедраи ҷарроҳии дилу рагҳои Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (аз соли 2011).

Пажӯҳишҳои илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Доир ба масъалаҳои гардиши хуни мағзи сар, ҳаракати хун дар аъзои марказӣ ва канории одамони гирифтори бемориҳои шоҳраг (аорта) ва шохаҳои он таҳқиқот кардааст. Аввалин шуда дар Тоҷикистон дар рагҳое, ки мағзи сарро бо хун таъмин мекунанд, амалиёти ҷарроҳӣ анҷом додааст. Тошпӯлод Гулмуродов асосгузори ҷарроҳии эндоскопӣ дар Тоҷикистон мебошад. Зиёда аз 200 таълифи илмӣ, аз ҷумла 9 монография ва 4 кашфиёт дорад. Раиси Ҷамъияти ҷарроҳони Тоҷикистон, раиси Ассотсиатсияи ҷарроҳони дилу рагҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ.

  • Хирургия травм сосудов и их осложнений. Д., 1991;
  • Диагностика и хурургическое лечение сочетанных оклюзирующих поражений брюшной аорты и брахиоцефальных артерий. Д., 1993;
  • Газаки шадиди талхадон ва аворизи он. Д., 1995;
  • Осложненный холецистит. Д., 1996;
  • Огнестрельные ранения ободочной кишки. Д., 2000;
  • Хирургическое лечение прободных язв желудка и двенадцатиперстной кишки. Д., 2003;
  • Заболевания сердца и сосудов. Д., 2005;
  • Низко-интенсивная лазерная терапия при остром панкреатите. Д., 2011;
  • Эхинококкоз сердца и средостения. 2012.
  • Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).
  • Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (2003).
  • Усмон Шокир, Тоҳирхӯҷаи Хоҷазод. Эҳёгари дил. Д., 2006.