Jump to content

Тошқул Намозов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тошқул Намозов
Тошқул Бӯриевич Намозов
Таърихи таваллуд 20 феврал 1961(1961-02-20) (63 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ёвон ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика, варзиш
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1982)
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1998)
Ҷоизаҳо «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2004), «Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2006)

Тошқул Бӯриевич Намозов (тав. 20.02.1961, д. Қашқараҳаи н. Ёвон) — олим, номзади илмҳои педагогӣ (2012), дотсент (2010), профессор (2020). «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2004), «Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2006).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тошқул Намозов солҳои 1978–1982 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, 1993–1998 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намудааст. Аз соли 1982 то ба имрӯз ҳамчун ассистент, муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ мебошад (1982).

Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2004) ва унвони «Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2006) сарфароз карда шудааст.

Ба қалами ӯ беш аз 100 мақола, 2 монография ва 8 барномаи таълимӣ тааллуқ дорад

  • Тарбияи ҷисмонӣ (дастури методӣ). Д., 2017;
  • Қоидаҳои гӯштингирӣ. (Гӯштини миллии тоҷикӣ). Д., 2018;
  • Волейбол барои мактабҳои олӣ (дастури методӣ). Д., 2018;
  • Спорт-вчера, сегодня и завтра. Д., 2019;
  • Формирование здорового образа жизни у учащихся старших классов в условиях таджикской семьи и школы (период независимости). Д., 2019;
  • Варзиши сабукмактаби тарбияи ҷисмонӣ. Д., 2021.