Jump to content

Тоҷиддин Пирзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тоҷиддин Пиров
Пиров Тоҷиддин Табарович
Таърихи таваллуд 15 март 1965(1965-03-15) (59 сол)
Зодгоҳ деҳаи Кӯли Сӯфиён, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Фазои илмӣ кишоварзӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои кишоварзӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ордени Ситораи Сурх — 1985 Ордени Шараф

Тоҷиддин Пирзода (то соли 2014 Пиров Тоҷиддин Таварович‎[1]; 15 марти 1965, деҳаи Кӯли Сӯфиёни ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб) — кишоварз, бонкдор ва соҳибкори тоҷик. Доктори илми кишоварзӣ (2003), профессор (2003)[2]. Полковники мустаъфӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷиддин Пирзода 15 марти соли 1965 дар деҳаи Кули Сӯфиёни ноҳияи Данғара ба дунё омадааст, ҳарчанд пайвандиҳое ҳам ба Файзобод дорад[1]. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти умумӣ солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС дар ҳайати қувваҳои маҳдуди Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмат кардааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соли 1990 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намуд. Дар солҳои 1991—1993 дар аспирантураи рӯзонаи Институти илмию татқиқотии сабзавотшиносии Маскав таҳсил намуд, бо омӯзиши технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот машғул буд. Дар соли 1996 рисолаи номзадӣ ва соли 2003 рисолаи докторӣ дар Академияи ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Маскав ҳимоя намуд. Ғоибона факултаи иқтисоди ДДМТ-ро бо ихтисоси «Молия ва қарз» ва факултаи энергетикаи ДТТ ба номи академик М. Осимиро дар шаҳри Душанбе хатм намудааст. Аз соли 2003 инҷониб ҳамчун профессори ҳамкор дар кафедраи «Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-ии ДАТ кор мекунад.

Муаллифи 16 китоби дарсӣ, ду монография ва 200 мақолаи илмӣ мебошад. Аз моҳи майи соли 1997 то январи соли 2003 ба ҳайси намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус кор кардааст.

Фаъолияти соҳибкорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 2007 ҳамчун Раиси Шӯрои нозирони Бонк фаъолият намуда, 17 марти соли 2012 Раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» таъйин гардидааст[3].

Мукофоту унвонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои хидмати арзандаи ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарафроз гардонида шудааст:

  • ордени «Ситораи Сурх» (1985),
  • медали «Барои шуҷоат»(1985),
  • медали «Аз мардуми шарифи афғон»(1989),
  • медали «Барои корнамоиҳои ҷангӣ» (1990) ва
  • медали «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ»;
  • грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС.

6 сентябри соли 2012 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷидин Пирзода барои хидматҳои шоиста дар рушди иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, илм ва фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардидааст[3].

  • Современное состояние и продуктивность репчатого лука в Таджикистане. — Д., 2000;
  • Прогнозирование лежкопособности овощей на основе оценки их качества. — Д., 2000 (соавтор);
  • Современная технология производства уборки и хранения лука репчатого. — Д., 2001 (соавтор);
  • Лук репчатий (Учебное пособие). — Д., 2002; Теоретические основы хранения плодов и овощей. — Минск, 2002;
  • Душанбе.(Книга-албом). — Д., 2003 (соавтор);
  • Контроль качество овощной продукции. — Д., 2004;
  • Таджикистан: исторические события, персоналии, термины, Том I—II. — Д., 2010 (соавтор).
  1. 1.0 1.1 Тоҷиддин Пирзода | TojNews(тоҷ.). old.tojnews.org. 28 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 апрели 2021.
  2. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ; Зери таҳрири Сайфидин Назарзода. — Д., 2016. — С. 430—431. — 720 с.
  3. 3.0 3.1 Тоҷидин Пирзода. www.tsb.tj. 28 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 июни 2018.