Тоҷикистон дар соли 1999
Зоҳир
- 22 июн — Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (1999) баргузор гардид.
- 3 август — Роҳбарияти Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар бораи барҳам додан ва инҳилоли дастаҳои мусаллаҳи худ эълон намуд.[1]
- 12 август — Дар асоси Қарори Суди Олии ҶТ Т Дар бораи беэътибор донистани қарор «Дар бораи манъи фаъолияти ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсии ИНОТ» (аз соли 1993) қабул гардид.[2]
- 1 сентябр — навбати дуюми роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ба истифода дода шуд, истгоҳҳои: Данғара — Олимтой — Қурбоншаҳид — Кӯлоб. [3]
- 8 сентябр — ба муносибати таҷлили 1100 - солагии ҷашни Давлати Сомониён, ёдгории меъмории "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" ва муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон — Исмоили Сомонӣ дар ш. Душанбе ба истифода супорида шуд.[4]
- 15 октябр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии "Сулҳ-99" сарфароз гардид.[5]
- 6 ноябр — Эмомалӣ Раҳмон аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.[6]
- 11 декабр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Унвони олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон барои хидматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ мукофотонида шудааст. [7]
- 11 декабр — Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.[8]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Тоҷикистон дар соли 1999 дорад
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 110.
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 109.
- ↑ Рахматова З.Ю., Саъдиев Ш.С. История таджикского народа: учебное пособие/З.Ю.Рахматова, Ш.С.Саъдиев. Душанбе:РТСУ,2017. С. 182. ISBN 978-99975-932-1-4
- ↑ Википедияи тоҷикӣ Муҷассамаи Исмоили_Сомонӣ.
- ↑ Тарҷумаи ҳол. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон(тоҷ.). www.president.tj (2022). 26 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Тарҷумаи ҳол. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон(тоҷ.). www.president.tj (2022). 26 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Тарҷумаи ҳол. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон(тоҷ.). www.president.tj (2022). 26 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон