Jump to content

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ — дар қисми марказии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шудааст.[1]

Яке аз аввалин иқдомҳо эълони бузургдошти 1100-солагии давлатдории Сомониён буд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 — уми апрели соли 1997 таҳти №693 «Дар бораи таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён» баромад. Дар заминаи он, 9 июни соли 1997 таҳти № 275 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни давлати Сомониён» ба тасвиб расид. Қарори мазкур тартиби ташкили Кумитаи тадорукот оид ба гузаронидани ҷашни давлати Сомониёнро муайян намуд.

19 сентябри соли 1997 Кумитаи тадорукот оид ба омода кардани шаҳри Душанбе ба баргузории ҷашн қарор қабул кард. 20 ноябри соли 1997 таҳти №231 Қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён» ба тасвиб расид. Мувофиқи банди 11 қарори мазкур, бахшида ба 1100 — солагии давлати Сомониён барои офаридани беҳтарин лоиҳаи намунавии монумент бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз 20 ноябри соли 1997 то 30 январи соли 1998 озмун эълон гардид. Банди 12 қарори мазкур макони ҷойгиркунии муҷассамаи Исмоили Сомониро майдони марказии шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кард.

Барои асари ғолиб 5 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ муайян гардид. Бо назардошти он ки дар озмун иштироки мутахассиони хориҷӣ низ маҳдуд набуд, онро байналмилалӣ арзёбӣ кардаанд. Ба ҳайати ҳакамони озмун дар баробари 20 сиёсатмадору меъмор, рассому олим, шоир ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеаи кишвар, ҳамчунин намояндаҳо аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон шомил буданд.

Баъд аз пешниҳод шудани лоиҳаҳо онҳоро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод ба намоиш гузоштанд, то дар баробари мутахассисон, шаҳрвандон низ интихоб карда тавонанд. Пас анҷоми намоиш дар ҷаласае, ки аз 25 аъзои ҳайати ҳакамон 18 нафар ширкат доштанд, 14 нафар ба ҷонибдории лоиҳаи эскизӣ таҳти рамзи «55555» овоз медиҳанд. Маълум гардид, ки муаллифи асари ғолиб меъмори шинохта Баҳовадин Зуҳурдинов будааст. Пас аз ин, пуррагардонии лоиҳа ва муайян намудани симои Исмоили Сомонӣ шурӯъ мегардад. Дар натиҷаи баҳсу мунозира симои Исмоили Сомонӣ, ки аз ҷониби Баҳовадин Зуҳурдинов тасвир гардидааст, маъқул шуд.

Ҳангоми офаридани симои Исмоили Сомонӣ муаллиф аз маълумоти таърихӣ, китоби вазири дарбори Сомониён Абӯабдуллоҳ Ҷайҳонӣ «Ашкол — ул — олам», ки аввали асри X, дар замони ҳукмронии Насри II ибни Аҳмад навишта шудааст, истифода кардааст.[2]

Дар соли 1999 дар майдони Дӯстӣ дар (собиқ майдони ба номи Ленин ва "Озодӣ"), дар қисми марказии  ноҳияи маъмурии Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ба муносибати таҷлили 1100 - солагии ҷашни давлати Сомониён — аввалин давлати тоҷикон, "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон" ва муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон (Давлати Сомониён) — Исмоили Сомонӣ сохта шуд. Майдон соҳиби номи нав - майдони"Дӯстӣ" гардид.  

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 12 метр аз фулузоти биринҷӣ ва арки бузург, ки бо ҳафт қабати сталактитҳо мустаҳкам гардидааст, сохта шудааст. Дар болои арк, дар зери нурҳои дурахшони офтоб тоҷ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон дар пояи куракшакл медурахшад. Диаметри тоҷ 4,5 метр мебошад. Муаллиф ҳангоми таҳияи лоиҳа ба хотири мувофиқат кардани андозаи арк ба майдон баландии онро аз сатҳи майдон 35 метр муайян намуд. Дар он минбари рамзии Президенти кишвар мавҷуд аст, ки ҳангоми таҷлили ҷашнҳо, роҳпаймоиҳои ботантана, намоишҳо ва парадҳо иштирок мекунад. Дар ҳар ду тарафи минбари зикршуда барои аъзои Ҳукумат ва меҳмонони баландмақоми хориҷӣ ҷой муайян шудааст. Яке аз унсурҳои дигар симои ду шери хобида дар минбари пасти ду тарафи тахти суфа мебошад. Онҳо рамзи сулҳу суботу осоиш, рамзи ҳокимият мебошанд. Дар зери муҷассама осорхона эъмор шуда, нусхаи мақбараи Исмоили Сомонӣ сохта шудааст. Дар қисмати қафои муҷассама харитаи давлати Сомониён акс ёфтааст. [3]

Муҷтамаи ёдгории дар майдони «Дӯстӣ» ба муносибати таҷлили 1100 солагии Давлати Сомониён бунёдгардида, номи "Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон"-ро гирифтааст.

  • Салия Мамаджанова, Рустам Муқимов. Меъморӣ ва шаҳрсозӣ Душанбе (таърих, назария ва амалия). — Душанбе, 2008, с. 286-287.