Тоҷинисо Саидова
Саидова Тоҷинисо Акрамовна | |
| |
Таърихи таваллуд: | 11 октябр 1953 (71 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Муъминобод |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпешаи театр ва синамо |
Ҷоизаҳо: |
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006) |
IMDb: | ID 3868879 |
Тоҷинисо Саидова (Саидова Тоҷинисо Акрамовна; 11 октябри 1953, ноҳияи Муъминобод) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро ба поён оварда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ (1975—1991) фаъолият доштааст. Аз соли 1991 актрисаи театр-студияи «Оина» мебошад.
Нақшофарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Малакааш дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ ҳувайдост, вале симоҳои драмавӣ ва фоҷиавиро низ хуб меофарад. «Интихоби домод», «Хостгорӣ», «Исёни арӯсон», «Садо аз тобут», «Кафшҳои Абулқосим», «Охирин арӯси амиралмуъминин», «Бахтатро бедор кун», «Эдип», «Ҷияни хира», «Имтиҳон», «Лаку Пак» барин намоишномаҳо бо иштирокаш рӯи саҳна омадаанд. Дар даҳҳо теленовеллаи «Оина», бисёр спектаклҳои телевизионӣ («Дугонаҳо ба театр мераванд», «Зани оҳанин») ҳунар нишон додааст.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ширкаташ дар кинои тоҷик низ чашмрас аст, филмҳои бадеии «Хатти парвоз», «Дар ҷарӣ» (2 қисм), «Қӯшатир», «Бозавқтар нигоҳ кун» (3 қисм), «Марди мутааллиқи ду зан», «Муҷассамаи ишқ», «Чашмаи хостаҳо», бо иштирокаш наворбардорӣ шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.