Муҷассамаи ишқ
Жанр | драма |
---|---|
Коргардон | Умед Мирзоширинов |
Таҳиякунанда | Раҷабалӣ Пиров |
Муаллифи филмнома |
Аброр Зоҳир |
Дар нақшҳои асосӣ |
Некрӯз Мамадшоев Убайдулло Раҷабов Савригул Қурбонова Майсара Мамадҷонова Тоҷинисо Саидова Қиёмиддин Чақалов |
Наворбардор | Алишер Негматов |
Оҳангсоз |
Далер Назаров Иқбол Завқибеков |
Ширкати синамоӣ | Тоҷикфилм |
Давомнокӣ | 72 дақ |
Мамлакат | Тоҷикистон |
Забон | тоҷикӣ |
Сол | 2003 |
IMDb | ID 0474941 |
«Муҷассамаи ишқ» — филми тоҷикии соли 2003 бо коргардонии Умед Мирзоширинов ва филмноманависии Аброр Зоҳир, истеҳсоли киностудияи Тоҷикфилм[1].
Достони филм
[вироиш | вироиши манбаъ]Достони филм дар бораи писаре бо номи Неъмат қисса мекунад, ки падару модар надораду дар хонаи аммааш Санам зиндагӣ дорад. Неъмат ба Зебӣ, духтари аз худаш чанд сол бузургтар ошиқ мешавад, аммо Зебӣ бо номзади худаш, як муаллим издивоҷ мекунад.
Дар ҳамсоягии Санам пирмарде бо номи Ғаффор хона дорад, ки ӯ ба Санам ошиқ аст ва ҳар гоҳ гӯсфандони Неъмат ба боғи ӯ медароянд, ӯ гӯсфандонро дар ҳавлииаш маҳкам карда аммаи Неъмат, Санамро даъват мекунаду ба як нози Санам гӯсфандонро дубора раҳо месозад.
Дар нақшҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Некрӯз Мамадшоев — Неъмат
- Савригул Қурбонова — Санам, аммаи Неъмат
- Убайдулло Раҷабов — Бобои Ғаффор, ҳамсояи Санам
- Майсара Мамадҷонова — Зебӣ, дӯстдоштаи Неъмат
- Инобат Муҳаммадиева — Гулчеҳра
- Меъроҷиддин Асоев — муаллим, номзади Зебӣ
- Тоҷинисо Саидова — модари Зебӣ
- Қиёмиддин Чақалов — падари Зебӣ
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Умед Мирзоширинов дар нахустин кинофестивали байналмилалии «Дидор», ки соли 2004 баргузор шуда буд, бо филми маъруфи «Муҷассамаи ишқ» ғолиби озмун шуда буд[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Статуя любви (Мучассамаи ишк) - Открытый фестиваль кино "Киношок"(рус.). www.kinoshock.ru. 26 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 октябри 2017.
- ↑ «Чанд метри мукааб ишқ» Шоҳҷоизаи «Дидор»-ро ба Афғонистон бурд(тоҷ.), Ориён - расонаи иттилооти. Бойгонӣ шудааст 29 июли 2018 сол. Проверено 26 июли 2018.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Муҷассамаи ишқ»(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Асрори филмофарӣ: Муҷассамаи ишқ дар YouTube
Ин мақолаи хурд дар бораи филми синамоӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |