Тоҷӣ Усмон
Тоҷӣ Усмон | |
---|---|
Тоҷӣ Усмон | |
Таърихи таваллуд: | 12 июн 1906 |
Зодгоҳ: | деҳаи Унҷӣ, ноҳияи Хуҷанд |
Таърихи даргузашт: | 23 октябр 1968 (62 сол) |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Навъи фаъолият: |
Тоҷӣ Усмон (1906—1968) — нависанда, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1967), дорандаи ордени Нишони Фахрӣ, медалҳо, Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон. Бобои сарояндаи эстрадаи тоҷик РуКола[1].
Зиндагинома[вироиш]
Дастпарвари Донишгоҳи коммунистии шаҳри Самарқанд буда, аз соли 1933 дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба ҳайси мудири шӯъба ба хизмат пардохтааст. Аз соли 1953 дар муддати ҳашт сол котиби масъули маҷаллаи «Хорпуштак» буд.
Эҷодиёт[вироиш]
Муҳимтарини офаридаҳояш маҷмӯаи хикояҳои «Кашфи асрор» (1958), қиссаҳои «Духтари ниқобдор» (1969) ва «Муборакқадам» (1966, ҳамроҳи Ашӯр Муҳаммадҷонов), очерки таърихии «Лаънаткардаи халқ» (1967) ва «Шоира Маҳастӣ» (1969) мебошанд, ки гувоҳ аз табъи саршору маҳорати нотакрори муаллифашон медиҳанд. Ҳамчунин, мураттиби китобҳои «Бисту се адиба» (1957), «Дурдонаҳои назми тоҷик» (1960), «Шоираҳои боистеъдод» (1962), «Ханда ва истеҳзо»-ст (1962). «Кашфи асрор» ва «Лаънаткардаи халқ» ба забони русӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Асарҳои Тоҷӣ Усмон дар заминаи истифодаи дақиқу устодонаи маводи таъриху зиндагӣ, эҳтирому эҳтиёти воқеияти таърихӣ, забони пухтаву ширадори тоҷикӣ ба қалам омада, муаллифашонро дар қатори муваффақтарин адибони чеҳраҳои таърихинигори тоҷик ҷою мақоми арзанда бахшидаанд.[2]
Осор[вироиш]
- 23 шоира (1953)
- Баргузидаи назми тоҷик (1960)
- Шоира Маҳастӣ (1963)
- Духтари ниқобдор (1965)
- Муборакқадам (1966, якҷоя бо М.Ашӯрмамадов)
- Лаънаткардаи халқ (1967)
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Алена Снежинская. РуКола: Нежный колокольчик хранит целомудрие // «DailyShow.Ru» 30.01.2008 17:36(рус.)
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 246 ISBN 978-99947-2-379-9
Сарчашма[вироиш]
- Аз Тоҷӣ Усмон ёд оварданд // Ҷумҳурият
- ТОҶӢ УСМОН // ҲАҚИҚАТИ СУҒД
- В Душанбе пройдет вечер памяти Тоджи Усмона // news.tj 12/07/2006 16:26
- Зодагони 12 июн
- Зодагони соли 1906
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Хуҷанд
- Даргузаштагони 23 октябр
- Даргузаштагони соли 1968
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон аз рӯи алифбо
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон