Туғрал Шокиров
Шокиров Туғрал Сироҷович | |
![]() Туғрал Шокиров, соли 2015 | |
Таърихи таваллуд | 4 феврал 1953 (72 сол) |
Зодгоҳ | д. Хистеварз, ноҳияи Ғафуров, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ), Академияи ВКД ҶТ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1974) |
Ҷоизаҳо |
Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (1987) «10-солагии Артиши миллии Тоҷикистон» (2003) «80-солагии милитсияи тоҷик» (2005) ордени «Барои илм ва меҳнат» (Олмон-Русия-Англия) (2014), Унвони ифтихории "Корманди шоистаи Тоҷикистон" (2023). |
Туғрал Шокиров (Шокиров Туғрал Сироҷович) — академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия (2013), доктори илмҳои филология (2011), профессор (2003)[1], полковники милитсия (2003); «Аълочии милитсияи Тоҷикистон» (2007), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2012), Ходими шоистаи илм ва маорифи Федератсияи Россия (2012)[2].Аз 1982 узви Иттифоқи Журналистони ИҶШС.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Туғрал Шокиров 4 феврали соли 1953 дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Ғафурови вилояти Ленинобод дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1969 пас аз хатми мактаби миёнаи № 34-и ноҳияи Хуҷанд ба шуъбаи рӯзонаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1974 онро ба итмом расонида, барои кор ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ) роҳхат гирифт.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1974—1983 муҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррири илмӣ, муҳаррири калони илмии ЭСТ буд. Солҳои 1983—1986 аспиранти ДДТ ба номи В. И. Ленин, 1986—1987 муҳаррири калони илмии ЭСТ, 1987—1992 ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ, март-сентябри 1992 дотсенти ҳамин донишгоҳ.
Аз октябри 1992 то майи 1993 - дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, 1993-1995 - муовини декани факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур, марти 1995 - майи 1997 - сардори кафедраи улуми иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, майи 1997 - марти 1999 - сардори қисми таълим, марти 1999-июни 2002 - муовини аввали сардори факултаи 4-уми (шуъбаи Хуҷандии) Академияи ВКД ҶТ оид ба қисми таълиму илм, июни 2002 - октябри 2003 - профессори кафедраи улуми иҷтимоииёту иқтисодиёт, октябри 2003—2012 - муовини аввали сардори факултаи 4-уми (шуъбаи Хуҷандии) Академияи ВКД ҶТ ва дар як вақт профессори муштараквазифаи (аз 2003- то имрӯз) - кафедраи забони тоҷикии [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд. Солҳои 2012-2017 мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аст. Аз соли 2017 то имрӯз профессори кафедраи мазкур ва аз соли 2003 ҳамзамон профессори муштараквазифаи кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б.Fафуров .
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Туғрал Шокиров дар соҳаҳои илму фарҳанг, таърих, ҳифзи ҳуқуқ хидмат намуда, дар давоми фаъолияти худ 44 китоб, аз ҷумла 16 рисола, 20 дастури таълим, 4 луғат, 4 маҷмуаи мақолаҳо, бештар аз 1500 асару мақола ба табъ расонидааст. Асосгузори юрислинвистикаи тоҷик мебошад. Асарҳояш асосан ба масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, юрислингвистика ва лингвоюристика оиданд. Осораш дар Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, ШМА, Германия, Эрон ва Афғонистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, форсӣ, дарӣ чоп шудаанд. Соли 1987 дар мавзӯъи «Хусусиятҳои забон ва услуби асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев» рисолаи номзадӣ, соли 2011 дар мавзӯъи «Пайдоиш ва инкишофи истилоҳоти ҳуқуқ дар забони тоҷикӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Иштирокчии бештар аз 60 конфронсу ҳамоишҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналхалқист.
Хидмати низомӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1981 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон хидмати ҳарбӣ кардааст, ҷанговари байналмилалист.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Туғрал Шокиров бо медал ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (1987)
- Медали Ҷумҳурии Афғонистон (1988)
- Медалҳои «75-солагии милитсияи тоҷик» (2000)
- «10-солагии Артиши миллии Тоҷикистон» (2003)
- «80-солагии милитсияи тоҷик» (2005)
- ордени «Барои илм ва меҳнат» (2014;Германия-Россия-Англия) ва 62 ифтихорномаю ташаккурномаи давлатӣ, вазоратӣ, шаҳрӣ, муассисавӣ мукофотонида шудааст
- Барандаи ҷоизаи вилояти Суғд ба номи академик Б. Ғафуров дар соҳаи илм (2014) барои китоби «Фарҳанги тоҷикӣ-русии истилоҳоти ҳуқуқ»
- Барандаи чоизаи байналмилалии "Медали тило"-и Намоишгоҳҳои Москва(ВДНХ, 2017)
- Франкфурти сохили Майн (Германия, 2018)
- Париж(2018), Барселона(2019), ИМА(2020), Хонконг(2020) барои китоби "Лингвистическое изучение юридических терминов".- Хуҷанд: Дабир, 2017.-364с.
- Унвони ифтихории "Корманди шоистаи Тоҷикистон"(2023).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Модарнома.- Душанбе:Маориф, 1981.-211 с.;
- Лингвостилистические особенности произведений Фазлиддина Мухаммадиева: диссертация на соискание учёной степени кандидата филологических наук по специальности 10.02.22 -Языки народов зарубежных стран Азии, Африки, аборигенов Америки и Австралии.-Душанбе, 1986.- 204 с.
- Суханвари нексияр.-Душанбе: Дониш,1987.-74 с.;
- Суфтагари дурри маънӣ.- Душанбе: Дониш, 1994.- 86 с.;
- Мушкилоти имло.- Хучанд, 1995.- 76 с.;
- Луѓати мухтасари мавзўии забони тољикї.-Душанбе: Деваштич, 2002.-182 с.(ҳаммураттиб);
- Адиб, забон ва услуб.- Душанбе:Адиб, 2003.-168 с.;
- Аломатњои китобати забони адабии њозираи тољик.-Хуҷанд, 2005.- 56 с.;
- Аломатњои китобати забони адабии њозираи тољик.-Хуҷанд: Андеша, 2007.- 84 с.; (нашри 2-5 бо илова.-2009, 89 с.; 2014, -96 с. ; 2015.- 112 с.; 2017.- 135 с.; 2019.- 146 с. );
- Истилоњоти хукукшиносии тоисломиїдар забони тоїикї.-Хуҷанд, 2008.- 118 с.;
- Истилоњоти њуќуќшиносї дар «Авесто».- Хуҷанд, 2008.- 72 с.;
- Термины мусульманского права в таджикском языке (юрислингвистическое исследование).- Душанбе: Дониш, 2010.- 116 с.;
- Луѓати тољикї-русии истилоњоти њуќуќ - Хуҷанд: Наргиз, 2011.- 368 с.
- Таджикская юрислингвистика, её задачи и перспективы.- Душанбе: Дониш,2011.-181 с.
- Национальная(Таджикская) юрислингвистика, её задачи и перспективы.-Москва: Наука, 2011.-196 стр.;
- Формирование и развитие юридических терминов таджикского языка:диссертация на соискание учёной степени доктора филологических наук по специальности 10.02.22 -Языки народов зарубежных стран Азии, Африки, аборигенов Америки и Австралии (таджикский язык).-Душанбе.-341 с.;
- Фарњанги тољикї-русии истилоњоти њуќуќ. -Хуҷанд: Наргис, 2012.-398 с.
- Забон ва юрислингвистикаи тољик.- Хуҷанд:Андеша,2013.- 216 с.
- Фарњанги тољикї-русии истилоњоти њуќуќ. -Хуҷанд: Наргис, 2012. -398 с.
- Забони адабии њозираи тољик. Ќисми 1. - Хуҷанд, 2013
- Синтаксиси ибора ва љумлањои содда.-Хуҷанд, 2013.- 118 с.
- Забони адабии њозираи тољик. Ќисми 2. - Хуҷанд, 2013.-126 с.
- Юрислингвистическое изучение юридических терминов.- Palmarium Academic Publishing. Германия, 2013.- 376 с.
- Забони тоҷикӣ (Дастури таълим барои донишҷўёни факултаи ҳуқуқшиносӣ). 2014.-239 с.(ҳаммуаллиф)
- Современный таджикский язык, часть 2.- Худжанд, 2014.- 164 с.;[3].
- Синтаксиси забони тољикї (Љумлањои мураккаб).-Хуҷанд: Андеша, 2014.-2014 с.
- Юридические термины и их лингвистические особенности.- Худжанд: Дабир, 2017.- 237 с.
- Забон-рукни давлат.- Хуҷанд: Дабир, 2018.-339 с.
- Синтаксис и имло.- Хуҷанд: Дабир, 2019.- 145 с.
- Забон, адабиёт ва фарњанг дар «Тољикон»-и академик Б. Ғафуров.- Хуҷанд: Ношир, 2019, 642 с.
- Забони тољикї. Барои гурўњњои ѓайрифилологї.- Хуҷанд: Дабир, 2020.- 356 с.
- Фразеологияи забони тољикї.- Хуҷанд: Дабир, 2020.- 116 с.
- Коркарди методї ва талаботи тањияи он.- Хуҷанд: Дабир, 2020.-112 с.
- Синтаксиси љумлањои мураккаб.- Хуҷанд: Дабир, 2021.-123с.
- Синтаксис дар таблитсањо. - Хуҷанд:Наргис, 2021.-186 .
- Нањви љумлањои мураккаб. - Хуҷанд: Дабир, 2022.- 164 с.
- Забони тољикї.- Хуҷанд: Ношир, 2022.- 345с.(бо њаммуаллифї).
- Забони тољикї ва имлои он.- Хуҷанд: Ношир, 2022.- 345 с.
- Лингвостилистические особенности произведения Фазлиддина Мухаммадиева (На примере повести «Путешествие на тот свет» и романа «Угловая палата»).- Худжанд: Дабир, 2022.-196 с.[4].
- Забони адабии њозираи точик ва имлои он.- Хуҷанд:ДДҲБСТ,2024.- 470 с.
- Истилоњ ва истилоњшиносї.-Душанбе: Ирфон, 2024,- 166 с.
- Забони адабии њозираи тољик.- Маводи назариявї.-Фарғона: ФарДу, 2025.- 204 с. (њаммуаллиф).
- Сохтори воњидњои нањвї. Дарсномаи амалї.- Фарғона: ФарДу, 2025.- 224 с. (њаммуаллиф).
- Назаре ба баъзе масъалањои забоншинос).-Хуҷанд:Дабир,2025.-210 с.[5][6].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ТГУПБП. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон(тоҷ.). www.tsulbp.tj. 7 июли 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Шокиров Туграл Сироджович - Известные ученые. www.famous-scientists.ru. 7 июли 2017 санҷида шуд.
- ↑ Шокиров Туграл Сироджович - Известные ученые. www.famous-scientists.ru. 7 июли 2017 санҷида шуд.
- ↑ Шокиров Туграл Сироджович - Известные ученые. www.famous-scientists.ru. 7 июли 2017 санҷида шуд.
- ↑ ТГУПБП. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон(тоҷ.). www.tsulbp.tj. 7 июли 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Шокиров Туграл Сироджович - Известные ученые. www.famous-scientists.ru. 7 июли 2017 санҷида шуд.