Туҳфату-л-аҳбоб
Зоҳир
Шакли асари халлоқона | энсиклопедия |
---|
«Туҳфату-л-аҳбоб» (ар. تحفة الاحباب — Дастовези дӯстон) — фарҳанги форсӣ ба форсӣ аз Ҳофизи Ӯбаҳӣ, таълифшуда дар соли 1530 дар Хуросон.
Фарҳанг бо номҳои «Туҳфаи хонӣ», «Китоби луғати фурс», «Ҳалли луғоти порсӣ», «Луғати Ҳофизи Ӯбаҳӣ» низ ёд мешавад. Муаллиф дар таълифи ин фарҳанг аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ ва «Меъёри Ҷамолӣ»-и Шамси Фахрӣ истифода бурдааст. Тартиби луғат аз рӯи ҳарфи аввалу охири калимаҳост. «Туҳфат-у-л-аҳбоб» асосан луғоти қадимин забони тоҷикӣ ва баъзе калимаҳои шевагиро бо мисолҳо шарҳ медиҳад. Мисолҳо аз ашъори шоирони асрҳои 10—11 мебошанд. «Туҳфат-у-л-аҳбоб» 2400 калима дорад. Дар охири луғат чанд ибора низ эзоҳ ёфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тӯҳфат-ул-аҳбоб / Ҳ. Рауфов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).