Тӯхта Иброҳимова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Тӯхта Иброҳимова
Тӯхта Иброҳимова
Санаи таваллуд:

19 феврал 1939(1939-02-19) (80 сол)

Зодгоҳ:

Турсунзода

Табаият:

 Тоҷикистон Тоҷикистон

Ҷоизаҳо:

Тӯхта Иброҳимова – сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1970).

Зиндагинома[вироиш]

Тӯхта Иброҳимова 19 феврали соли 1939 дар ш. Регар, ҳоло Турсунзода ба ҷаҳон чашм кушодааст. Санъати сарояндагиро аз оҳангсоз О. Назаров омӯхтааст. Фаъолияти эҷодиаш соли 1960 оғоз ёфтааст. Солисткаи Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон(1960-1973), ансамбли Ҳофизони мақомхони КДТР назди Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз с. 1973). Барномаи ӯ аз сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва Шарқи хориҷӣ иборат буд. Маҳорати сарояндагиаш махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикии «Тоҷикистон» (оҳанги Зайниддин Зулфиқоров, шеъри Боқӣ Раҳимзода), «Сози муҳаббат» (оҳанги Пӯлод Саидов, шеъри Собир Султон), «Дурдона» (оҳанги Гулбек Саодатов, шеъри Мавҷуда Ҳакимова), «Иди дилафрӯз» (оҳанги М. Сафармаҳмадов, шеъри Бурҳон Фаррух), «Ҷашни дӯстӣ» (оҳанги Ҳукуматшоҳ Бандишоев, шеъри Аъзам Сидқӣ) ва дигар таронаҳо зоҳир шудааст. Дар ҳайати Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ба Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина, Белорусия ва кишварҳои диг. сафари ҳунарӣ кардааст. Дар симпозиумҳои байналхалқии мусиқии халқҳои Шарқ дар Самарқанд (1978, 1983) иштирок дошт. Бо Ифтихорномаи Фахрии През. Сов. Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 2013. - С.56