Аъзам Сидқӣ
Аъзам Сидқӣ | |
Аъзам Сидқӣ | |
Санаи таваллуд: | |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Санаи марг: | |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Навъи фаъолият: |
нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик |
Жанр: | |
Забони осор: | |
Ҷоизаҳо: |
Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1996) |
Аъзам Сидқӣ - нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик. Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996).
Мундариҷа
Зиндагинома[вироиш]
Аъзам Сидқӣ 27 апрели соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Аъзам Сидқӣ дар оғоз, то авоили солҳои 60-уми қарни 20 дар рӯзномаҳои "Пионери Тоҷикистон", "Комсомоли Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Хорпуштак" фаъолият дошт. Баъдан вай дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла раҳбарии театрҳои давлатии ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор кардааст. Солҳои 1977- 1985 сарвари Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд. Дар соли 1995 вай сардабири маҷаллаи адабии "Хуҷанд" (ҳоло "Паёми Суғд") шуд ва то соли 2002 дар ин ҷо фаъолият мекард[1]. Соли 2011 аз олам даргузашт.
Эҷодиёт[вироиш]
Дар соҳаи назму наср, очерку публитсистика ва драматургия хомафорсоӣ намудааст. Шеъру суруду манзумаҳои барои калонсолону наврасон эҷодкардааш дар маҷмӯаҳои «Ниҳоли орзу» (1957), «Каттача» (1957), «Дар сари кӯҳи баланд» (1961), «Телпакамро хунук хӯрд» (1965), «Олимҷон мактабхон шуд» (1966), «Баҳору лолаву ишқ» (1971) ва ғ. ба табъ расидаанд. Муаллифи силсилаи очеркҳои проблемавӣ ва портретӣ буда, ки машҳуртаринашон «Ҷӯра-саркор» (1957), «Фарзанди замон» (1962), «Раҳимбой Раҳматов» (1972), «Дар он солҳои пурошӯб» (1990) мебошанд, ки дар мавзӯъҳои ватандорию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу амният ва дӯстии халқҳо навишта шудаанд. Дар заминаи очерки «Ҷӯра-саркор» филми мусаннади бадеӣ ҳам офарида шудааст, ки дар миёни мардум маҳбубияти тамоме пайдо кардааст.
Аксари асарҳои саҳнавии ӯ – «Иродаи зан» (1959), «Супориши ЧК» (1965), «Адои қарз» (1967), «Пароли нав» (1969), «Дилшод» (1975), «Шарораи муҳаббат» (1981), «Достони Самандар» (1981), «Сояи шайтон» (1983), «Захми сӯзон» (1984), «Адолат» (1993), «Камоли Хуҷандӣ» (1996), «Пайраҳаи зиндагӣ» (2003) ва ғ. дар театрҳои гуногуни Тоҷикистону Ӯзбекистон пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.
Муаллифи романҳои «Оташ дар қабристон» (1972), «Ашку оташу ишқ» (манзум; 1977), «Дар олами сарсонӣ» (1985), «Пайраҳаи қисмат» (1997), «Ситораи ашк» (2000) ва «Тӯй болои тӯй» (2014) мебошад. Асарҳои ҷудогонааш ба забони русӣ ва дигар мардуми олам тарҷумаву чоп шудаанд. Навиштаҳои алоҳидаи В. Губарев, А.Мусатов, А. Ҳоҷиниёзов, С. Попович, П. Калдерон ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.[2]
Мукофот[вироиш]
Бо медалҳо ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1996). Ҳамчунин, дар соли 1996 вай унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон"-ро дарёфт кардааст.[1].
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Ёде аз Аъзам Сидқӣ, нависандаи "Пайроҳаи қисмат" BBC
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014. ISBN 978-99947-2-379-9
- Википедия:Статьи с переопределением значения из Викиданных
- Зодагони 27 апрел
- Зодагони соли 1927
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Даргузаштагони 6 ноябр
- Даргузаштагони соли 2011
- Даргузаштагони шаҳри Хуҷанд
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Дромнависон аз рӯи алифбо
- Дромнависони Тоҷикистон
- Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон