Улфатмо Мамадамбарова
![]() | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 10 март 1937 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 май 2024 (87 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо |
Улфатмо Мамадамбарова (10 март 1937, Хоруғ — 5 май 2024, Хоруғ) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Улфатмо Мамадамбарова соли 1967 шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Институти педагогии шаҳри Душанберо хатм намудааст, вале меҳри ҳунар боло гирифтаву чанде дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон сарояндагӣ кардаст. Сипас беш аз сӣ сол дар дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон хидмат намуд.
Сурудаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо овози ширадор сурудро бо ҷӯшу хурӯш, самимияту дилгармӣ адо мекард, оҳангнокии каломи мусиқиро асоси сурудҳои хуб ва иҷрои хуби онҳо медонист. «Ба офтоб», «Дилоро», «Зарафшон», «Ватани номвар», «Тоҷикистон», «Рӯди дӯстӣ», «Тори ишқ», «Фарёди дил», «Файзи саҳар», «Лабҳои сард», «Оҳанги дил», «Кӯи ҷонон», «Масти нози Лайло», «Ёри ҷон», «Гуфтам ба чашм», «Бе ту ҳолам чун бувад», «Пайдо кард», «Офарин дил», «Боди Наврӯз», «Дар сари чашма», «Нек медонам», «Ман донаму дил», «Вақти кор омадааст», «Шод бош, эй дил», «Моҳи Шуғнонам», «Бодаи лаб» номгӯи нопурраи таронаҳояш мебошанд[1].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Улфатмо Мамадамбарова 5 майи соли 2024 дар шаҳри Хоруғ даргузашт ва ҷанозаи ӯ дар оромгоҳи деҳаи Поршнев ба хок супурда шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мамадамбарова Улфатмо // Энсиклопедияи бонувони шинохтаи тоҷик (муаллиф-мураттиб Раъно Мирзоева). — Д., 2021. — С. 556. — 520 с. — ISBN 978-999-75-68-20-5.