Jump to content

Усмон Маҳмадқулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Усмон Маҳмадқулов
Усмон Қобилович Маҳмадқулов
Таърихи таваллуд 10 сентябр 1933(1933-09-10) (91 сол)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Тоҷикистон
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ш. Душанбе (ҳоло “Боғи Ирам”)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Самарқанд

Усмон Қобилович Маҳмадқулов (10.09.1933, ш. Самарқанд), доктори илми биологӣ (1983).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Усмон Маҳмадқулов факултаи биологияи Университети давлатии Самарқандро соли 1956 ба охир расонда, дар Омӯзишгоҳи кооперативии ҳамин шаҳр муаллимӣ кардааст. Аз соли 1958 то 1995 корманди Пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд, вазифаҳои ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи флора, муовини директори Пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистонро (1992-1995) адо намудааст. Инчунин, Усмон Маҳмадқулов солҳои 1989-1991, мудири Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ш. Душанбе (ҳоло “Боғи Ирам”) буд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оид ба флора, география ва кармологияи ушнашаклҳои Тоҷикистон қариб ҳафтод кори илмӣ ба табъ расондааст. Дар мураттаб намудани Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзидааст.

  • Лиственные мхи Дарвазского хребта. – Д., 1975;
  • Лиственные мхи Памиро-Алая: Дисс…доктора биол. наук. – Киев, 1982;
  • Мхообразные. Сфагновые – Гриммиевые. – Д., 1985; Анализ биофлоры Памиро-Алая. – Д., 1989.[1]
  • Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон : Олами ноботот ва ҳайвонот / Ш. Курбонов, А. Тошев. — нашри 2-юм. — Душанбе : Дониш, 2015. — 535 с. ISBN 978-9975-45-07-7
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 326.