Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Устоқадам Машрабов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Устоқадам Машрабов
Таърихи таваллуд 15 апрели 1935(1935-04-15)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 январи 1984(1984-01-30) (48 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, мазҳакабоз
Ҷоизаҳо

Устоқадам Машрабов (15 апрели 1935, ноҳияи Дӯстӣ30 январи 1984, Душанбе) — овозхон ва ширинкори тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1974).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1956) ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро соли 1979 ғоибона хатм кардааст. Бештар бо таххаллуси Усто машҳур буд. Фаъолияташ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон гузаштааст. Дар ҳамкорӣ бо Мастибек Паллаев (Масто) саҳначаҳои ҳаҷвӣ, этюдҳо, интермедияҳо, сурудҳои ҳаҷвӣ замзама менамуданд. Хидматашон дар ривоҷи услуби сарояндагии ҳаҷвӣ ниҳоят калон аст. Симои афроди фориғбол, майпараст, корбезор, олуфтасатанг, мунофиқ, худписанд, дурӯғгӯю оилабезорро бо таронаҳои ҳаҷвӣ мекушоданд. Саҳнаҳои «Эшон Шаҳристон рафтанд», «Муфаттиш», «Мудири анбор», «Тақсими кор», «Аз мо чӣ ҳосил?», «Усто ризо, Масто ризо», «Қалин», «Мода шуд» ва ғайраҳо ҳаводорони зиёд пайдо карданд.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.