Мастибек Паллаев
Таърихи таваллуд | 10 октябр 1939 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 30 январ 1984 (44 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон, мазҳакабоз |
Ҷоизаҳо |
Мастибек Паллаев (10 октябр 1939, ноҳияи Рӯшон, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 30 январ 1984, Душанбе) — овозхон, ширинкор, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1974).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1979 ғоибона Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Аз соли 1958 дар ансамбли тарона ва рақси «Помир» ва аз соли 1960 то поёни умр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон сурудхонӣ кардааст. Бо тахаллуси Масто машҳур буд ва ҳамроҳи Усто (Устоқадам Машрабов) саҳнаҳои ҳаҷвӣ, интермедияҳо, этюдҳо ва сурудҳои ширинкоронаи замонавӣ эҷод карда, симои роҳбарони фориғболу бепарво, мунофиқон, оилабезорон, майпарастон, олуфтасатангони корбезор ва амсоли онҳоро ба намоиш мегузоштанд."Эшон Шаҳристон рафтанд", «Муфаттиш», «Тақсими кор», «Мудири анбор», «Усто-ризо, Масто-ризо», «Қалин», «Хизмати олӣ карданд», «Аз мо чӣ ҳосил», «Мода шуд» барин дуэтҳояшон вирди забонҳо гардиданд. Мутаассифона, баъди фавти фоҷиаомези ин ду санъаткор дигар амалан касе равиши ҳунарашонро пайгирӣ накард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 10 октябр
- Зодагони соли 1939
- Зодагони ноҳияи Рӯшон
- Даргузаштагони 30 январ
- Даргузаштагони соли 1984
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Овозхонҳои Тоҷикистон