Устувонаи Куруш
Таърихи таъсис | 539 |
---|---|
Фарҳанг | Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ |
Воҳиди марзию маъмурӣ | Лондон |
Макони кунунӣ | |
Нависанда | Куруши Бузург |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | Akkadian[d] |
Таърихи интишор | 530 то м. |
Маводди созанда | гил |
Нигоҳ дошта мешавад дар коллексия | Осорхонаи Британия[1] |
Рақами инвентарӣ | 90920 |
Кошиф | Hormuzd Rassam[d] |
Таърихи кашф | марти 1879 |
Макони кашф | Бобил |
Ҳаққи таксир | 🅮[d] ва 🅮[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Устувонаи Куруш, Маншури Куруш, Эъломияи Куруш — лавҳе аз гили пухта аст, ки дар соли 538 пеш аз мелод ба фармони Куруши Бузург нигошта шуд. Ин устувона дар Осорхонаи Биритониё нигаҳдорӣ мешавад ва бахшҳое аз он шикаставу гум шудааст. Нусхаи дигаре аз матни устувона бар рӯйи ду қитъаи лавҳи гилӣ ёфт шуда, ки онҳо низ дар маҷмӯъаи бобилии Осорхонаи Биритониё ҳастанд ва бозмондаи нусхаи бойгонишудаи ҳамин устувона дониста мешаванд.
Матни устувона ба тоҷикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Матни ин усувона, ки бо хат ва забони бобулӣ навишта шуда, тарҷумаи форсӣ-тоҷикии он дар Тоҷикистон бо саъй ва эҳтимоми олими шинохта Парвона Ҷамшедов ба табъ расидааст: «Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Аккад, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Камбуҷия — шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати адабӣ, ки салтанаташ мавриди худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст. Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири салтанат нишастам. Мардук — худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амокини муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳеч яке аз хонаҳои мардум хароб нашавад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Шумеру Аккадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки „шодии дил“ ном доранд, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».