Уткир Султонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Уткир Султонов
ӯзбекӣ: O‘tkir To‘xtamurodovich Sultonov

Таваллуд 14 июл 1939(1939-07-14)
Даргузашт 29 ноябр 2015(2015-11-29) (76 сол)
Мадфан
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои техникӣ[d]
Фаъолият сиёсатмадор
Ҷоизаҳо
"Mehnat shuhrati" order

Уткир Тухтамуродович Султонов ( ӯзбекӣ: Oʻtkir Toʻxtamurodovich Sultonov; 14 июли соли 1939, Тошканд, ИҶШС29 ноябри соли 2015, Тошканд, Ӯзбекистон ) — арбоби давлатӣ, сиёсӣ ва ҳизбии шуравию узбек. Муҳандиси барқ, номзади илмхои техникӣ. Аз 21 декабри соли 1995 то 10 декабри соли 2003 Сарвазири дуюми Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Уткир Султонов 14 июли соли 1939 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Соли 1963 Донишкадаи политехникии Томск ба номи С.М.Киров (ҳоло Донишгоҳи политехникии миллии тадқиқотии Томск)-ро бо ихтисоси муҳандиси барқ хатм кардааст. Худи ҳамон сол фаъолияти мехнатии худро ба сифати челонгари барқ дар заводи металлбурии Томск оғоз намуд. Аз соли 1964 то соли 1985 аввал усто, баъд мудири лаборатория, сардори бюрои конструктории якчоя, сардори шуъбаи автоматикунонӣ ва механиконии истеҳсолот, ҷонишини сармуҳандис ва ҷонишини директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии авиатсионии Тошкент ба номи В.П.Чкалов (TAPOiCh) шуда кор кардааст , ки дар он ҷо самолётҳо ва лавозимоти он истеҳсол карда мешуданд. Дар TAPOiCH бо Ислом Каримов, ки чанд муддат дар ҳамин корхона кор мекард, вохурдааст. Солҳои 1978—1979 ҳамчун корманди ташкилоти чамъиятии TAPOiCh дар Фаронса дар сафари хидматӣ буд. Соли 1985 директори генералии НПО «Восток»-и Тошканд таъин шуда, то соли 1991 дар вазифаи роҳбари ин иттиҳодия кор кардааст.

Фаъолияти сиёсй[вироиш | вироиши манбаъ]

Вай депутати халқии Совети Олии ҶШС Ӯзбекистон буд. Соли 1991 ӯ Раиси Кумитаи давлати Ӯзбекистон оид савдо ва алоқаи беруна кор кардааст. Пас аз мамнӯъ ва барҳам додани ҲКИШ ва бахши ҷумҳуриявии он – Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон ӯ яке аз муассисони Ҳизби Халқии Демократии Ӯзбекистон (ҲХДӮ) шуд, ва ба ҳайати кумитаи тадорукоти анҷуман дохил шуд ва аъзои Шурои марказии ҲХДӮ интихоб шуд. Аввалин раиси Шӯрои марказии Ҳизби Халқии Демократии Ӯзбекистон (ҲХДӮ) президенти ҷумҳурӣ Ислом Каримов буд. Феврали соли 1992 Уткир Султонов Вазири алоқаҳои иқтисоди берунаи Ӯзбекистон ва муовини сарвазири ҷумҳурӣ Абдулҳошим Муталов таъйин мегардад.

21 декабри 1995 дар иҷлосияи Олий Мажлис сарвазир Абдулҳошим Муталов аз вазифа барканор гардид ва Уткир Султонов аз ҷониби Президент Ислом Каримов ба мақоми сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклиф карда шуд, ва дар ҳамин иҷлосияи Олий Мажлис дар мақоми сарвазири нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасвиб шуд. Ҳамзамон аз моҳи майи соли 1998 - раиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ.

10 декабри соли 2003 аз мақоми сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон сабукдӯш шуд. Худи ҳамон рӯз бо фармони президенти ҷумҳурӣ Ислом Каримов муовини сарвазир, масъули муҳандисӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, нафту газ, геология, электроэнергетика, истеҳсоли кимиё, инчунин стандартизатсия ва метрология ва сафарбарии захираҳои давлат таъин гардид. 4 феврали соли 2005 дубора ба ҳамин вазифа тасвиб шуд, ва ба назорати масъалаҳои саноати сӯзишворӣ ва энергетика, химия, металлургияи сиёҳу ранга, мошинсозӣ шурӯъ кард. Ӯ то моҳи ноябри соли 2006 муовини сарвазир буд. Моҳи ноябри соли 2006 мушовири сарвазир, инчунин директори генералии ҶСК «Иттиҳодияи истеҳсолии авиатсияи Тошканд ба номи. В.П.Чкалов буд. То сентябри соли 2010 мушовири сарвазир, то 1 январи соли 2011 директори «ТАПОич» буд.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз январи соли 2011 ба нафақа баромадааст. Дар солҳои охири ҳаёташ ӯ сахт бемор буд, аз норасоии гурда азият мекашид. Ӯ 29 ноябри соли 2015 дар синни 76-солагӣ дар шаҳри Тошканд даргузашт ва тахминан дар қабристони Чигатайи Тошканд ба хок супурда шудааст. Оиладор буда, соҳиби як духтару набераҳо мебошад. Ба ҷуз аз забони модариаш, ӯ забонҳои русӣ, англисӣ ва фаронсавиро хуб медонист.

Мукофотҳо ва эътироф[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ордени «Мехнат шухрати»
  • медалхо
  • Муҳандиси хизматнишондодаи Ўзбекистон
  • Профессори фахрии Донишгоҳи политехникии Томск (2001) [1] .

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Султанов Уткир Тухтамурадович(пайванди дастнорас — таърих). ТПУ : Электронная энциклопедия. 17 ноябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 ноябри 2012.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]