Абдулло Орипов
ӯзбекӣ: Abdulla Nigmatovich Aripov | |
| |
аз 14 декабр 2016 | |
Пешгузашта | Шавкат Мирзиёев |
14 сентябр 2016 — 14 декабр 2016 | |
Пешгузашта | Adham Ikromov[d] |
30 май 2002 — 22 август 2012 | |
Пешгузашта | Q24010718? |
|
|
Таваллуд |
24 май 1961 (63 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | номзади илмҳои иқтисодӣ[d] |
Унвони илмӣ | дотсент |
Фаъолият | сиёсатмадор |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | gov.uz/ru |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абдулло Неъматович Орипов ( ӯзбекӣ: Abdulla Nigʻmatovich Oripov; тав. 24 майи соли 1961, Тошканд ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС ) — арбоби давлатии Ӯзбекистон, чорумин Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14 декабри соли 2016 [1] .
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]24 майи соли 1961 дар пойтахти ҶШС Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд таваллуд ёфтааст. Соли 1983 Донишкадаи электротехникии алоқаи Тошкандро хатм кардааст. Ихтисос — иуҳандиси барқ.
Аз соли 1983 то соли 1992 дар стансияи телефону телеграфии Тошканд ба сифати муҳандиси барқии дараҷаи 1 кор кардааст. Сипас то соли 1993 сармутахассиси Вазорати алоқаи Ӯзбекистон. Аз соли 1993 то соли 1995 дар вазифаи муовини директори ширкати тиҷорати хориҷии “Узимпексалоқа” кор кардааст. Муддати кӯтох сардори шуъбаи сохтмону таъминоти Вазорати алоқаи ҶШС Ӯзбекистон, шуда кор кард. Аз соли 1995 то соли 1996 дар вазифаи директори генералии КМ «ТашАфиналАЛ» кор кардааст. Сипас як муддати кӯтоҳ дар вазифаи сардори Раёсати хусусигардонӣ ва рушди рақобати Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Соли 1997 дар Агентии почта ва телекоммуникатсия Ӯзбекистон кор кардааст. Аз соли 1997 то 2000 дар вазифаи директори Фонди дастгирии давлатии рушди почта ва телекоммуникатсия кор кардааст. Солҳои 2000-2001 дар вазифаи муовини аввали директори генералии Агентии почта ва телекоммуникатсияи Ӯзбекистон фаъолият намудааст
Аз 15 августи соли 2001 дар вазифаи директори генералии Агентии почта ва телекоммуникатсияи Ӯзбекистон кор кардааст. Соли 2002 ба мақоми муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин мегардад. 22 августи соли 2012 ӯ аз мақоми муовини нахуствазир барканор шуд (он вақт расонаҳо барканории ӯро бо низоъе, ки дар атрофи ширкати мобилии МТС-Ӯзбекистон, “духтар”-и ширкати русии МТС сар зад, рабт медоданд [2] ).
Аз моҳи августи соли 2012 то сентябри соли 2016 дар Коллеҷи алоқаи шаҳри Тошканд ба ҳайси омӯзгори калон кор кардааст. Аз 14 сентябри соли 2016 и.в. Президенти Ӯзбекистон бо фармони хеш А. Орипов ба мақоми муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин мегардад. [3] .
Дар сари хукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]12 декабри соли 2016 дар анҷумани Ҳизби ҳокими Либерал-Демократии Ӯзбекистон ( ӯзбекӣ: O‘zLiDeP ) номзадии А. Орипов ба мақоми Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбарӣ карда шуд.[4] ва аз ҷониби Палатаи қонунгузор ва Сенати Олийи Маҷлис 14 декабри соли 2016 тасдиқ карда шуд.[5].
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор, соҳиби панҷ духтар.
Унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Орипов номзади илмҳои иқтисодӣ, унвони дотсент дорад.
Мукофотҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Фидокорона хизматлари учун» ( 2021 ) [6]
- Ордени Шуҳрати Меҳнат ( 28 августи 2006 ) - барои фаъолияти чандинсолаи пурсамар дар рушди саноат, кишоварзӣ ва хоҷагии об, сохтмон, нақлиёт, алоқа ва соҳаи хизматрасонии ҷумҳурӣ дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои илму техника, технологияи пешқадам дар истеҳсолот, саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, таҳкими сулҳу субот дар кишвар .
- ордени «Дустлик».
- Ордени «Достық» дараҷаи II ( Қозоғистон, 4 майи соли 2021 ) [7]
- Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ( Тоҷикистон, 2018 ) - барои саҳми арзанда дар таҳким, тавсеа ва густариши дӯстӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, инчунин дар соҳаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию техникӣ [8] .
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Парламент Узбекистана утвердил Арипова премьер-министром республики — ТАСС
- ↑ СМИ: Узбекская «дочка» МТС сделала вице-премьера безработным
- ↑ Абдулла Арипов вернулся в правительство
- ↑ Абдулла Арипов возглавил правительство Узбекистана.
- ↑ Абдулла Арипов возглавил правительство Узбекистана.
- ↑ Абдулла Арипов награждён орденом «Фидокорона хизматлари учун»
- ↑ Премьер-министр Узбекистана получил казахстанский орден «Достык»
- ↑ Президент Таджикистана наградил Арипова и Камилова
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Зодагони 24 май
- Зодагони соли 1961
- Зодагони шаҳри Тошканд
- Дорандагони ордени Исмоили Сомонӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Сарвазирони Ӯзбекистон
- Сарварони асри XXI
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Сиёсатмадорони Ӯзбекистон
- Ходимони давлатии Ӯзбекистон
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Википедиа:Зиндагиномаи муосирон
- Соли 1961 таваллудшудагон