Уқёнуси Ором
Ҷойгиршавӣ | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Уқёнуси Ором — уқёнуси бузургтарину паҳнотарини рӯи Замин ба шумор меравад. Он аз Арктика дар шимол то ба Антарктида дар ҷануб тӯл кашида, аз ғарб бо Осиёву Австралия ва аз шарқ бо қитъаи Амрико маҳдуд аст. Масоҳати он бо баҳрҳо ба 178,6 млн км², ҳаҷмаш ба 710 млн км³ ва умқи миёнааш ба 3980 метр баробар аст. Умқи чуқуртаринаш новаи Марианна буда, ба 11 034 метр баробар аст. Номи ин уқёнусро баҳрнаварди шинохтаи Португалӣ Фернандо Магеллан гузоштааст. Ӯ ҳангоми сафари худ дар ин укёнус, ки бе ягон офат анҷом пазируфтааст, ба он "Ором" ном мегузорад.
Баҳрҳои уқёнуси Ором: дар соҳилҳои Осиё - Беринг, Охота, Ҷопон,Ҷопони дарунӣ, Шарқи Хитой, Зард, Филиппин; дар миёни ҷазираҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ - Ҷануби Хитой, Ҷава, Сулавеси, Сулу, Флорес, Бали, Саву, Банда, Серам, Ҳалмаҳера, Молукка; дар соҳили Австралия - Марҷон, Фиҷи, Тасман, Гвинеяи Нав, Сулаймон ва дар соҳили Антарктида Амундсен, Беллинсгаузен, Росс, Сомов, Дюрвил (инҳоро баъзан ба Уқёнуси Ҷанубӣ нисбат медиҳанд) мебошанд. Дар соҳилҳои Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ баҳр нест, аммо халиҷҳои калон мавҷуданд: Аляска, Калифорния, Панама.
Аз рӯи миқдор ( тақрибан 10 ҳаз.) ва масоҳати умумии ҷазираҳо (тақрибан 3,6 млн км²) уқёнуси Ором дар байни уқёнусҳо ҷои якумро мегирад. Дар қисми шимолӣ ҷазираҳои Алеут; дар қисми ғарбӣ — Курил, Сахалин, Ҷопон, Филиппин, Зонди Калон ва Хурд, Гвинеяи нав, Тасмания; дар маркази он боз шумораи бисёри ҷазираҳои майда мавҷуданд.
Геология
[вироиш | вироиши манбаъ]
Уқёнусҳо |
---|
Атлантик | Ҳинд | Яхбастаи шимолӣ | Ором | Ҷанубӣ |