Jump to content

Фазенда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фазенда, дар солҳои 1850-ум сохташуда, Параиба, Бразилия

Фазенда (португалӣ: fazenda) — амволи калони кишоварзӣ ё чорводорӣ. Дар ҳудуди фазенда ҷойгир мешаванд: хонаи соҳибмулк (аксар вақт бо сутунҳо ва [балкон]]ҳои калони кушода), калисо, биноҳо барои ғуломон ва ғайра. Паҳншавии фазенда, ки даромади асосии онҳо парвариши қаҳва, найшакар ва пахта буд, бо ворид шудан қаламрави Бразилия ба рушди иқтисод ва навсозии кишвар дар асри XIX оварда расонд. Дар баробари ин, рушди бомуваффақияти фазендаҳо боиси пурзӯр шудани ғуломфурушӣ гардид (асоси қувваи корӣ дар фазендаҳо ғуломоне буданд, ки аз Африқо оварда мешуданд).

Истифодаи ин истилоҳ дар кишварҳои пасошӯравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ИҶШС аз солҳои 1988-1989 - пас аз намоиши силсилафилми телевизионии "Ғуломдухтар Изаура" дар Телевизиони марказӣ - калимаи фазенда ба забони гуфтугӯӣ ворид шуд. Ҳамин тавр онҳо ба ягон майдончаи боғча ва дачаҳо ин калимаро ном бурдан гирифтанд.

Баъдан ин ном дар фарҳанги маъмул инъикос ёфт. Дар ин ҷо бозии компютерӣ барои бачаҳо «Фазендаи гурба Мурликин» маввуд аст. Аз соли 2006 барномаи телевизионии "Фазенда" пахш мешавад.