Файзии Даканӣ
Таърихи таваллуд: | 24 сентябр 1547 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 5 октябр 1595 (48 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, диплумот, хушнавис, олим, тарҷумон, нависанда |
Жанр: | шеъри ғиноӣ[d] |
Забони осор: | форсӣ |
Шайх Абулфайз ибни Муборак (форсӣ: شیخ ابو الفیض بن مبارک, маъруф ба Файзии Даканӣ, форсӣ: فیضی دکنی; 24 сентябр 1547, Агра[1] — 5 октябр 1595, Агра[1]) — шоир, донишманд ва тарҷумони форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Файзии Даканӣ хеле барвақт хондану навиштанро омӯхта, бо роҳбарии падараш дар 14-солагӣ илмҳои асосии даврро аз худ намудааст. Дар 20-солагӣ ба хидмати дарбор даромад. У садорати якчанд вилоятҳоро ба ӯҳда дошт. Файзии Даканӣ ҳамчун олиму шоири тавоно ном бароварда, ба унвони маликушшуаро сарфароз гаштааст. Аз Файзии Даканӣ осори зиёде боқист. Дёвони ғазалиёти ӯ «Табошири субҳ» ном дошта, муқаддима ва 9000 байтро дар бар гирифтааст. Дар хотимаи девон рубоиёти ӯ сабт гардидаанд. Файзии Даканӣ дар ғазал ба Ҳофизи Шерозӣ пайравӣ кардааст. Миқдори умумин ашъори шоир ба 15000 байт мерасад. Файзии Даканӣ ният доштааст дар пайравии «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ бо номҳои «Маркази адвор», «Сулаймон ва Билқис», «Нал ва Даман», «Ҳафт кишвар» ва «Акбарнома» маснавиҳо нависад, вале «Хамса»-и ӯ нотамом мондааст. Достони «Нал ва Даман», ки як ҷузъи «Хамса»-и ӯст, мазмуни баланди ахлоқию ишқӣ дорад ва матолиби он аз «Маҳабҳарат» гирифта шудааст. Дар шеъри Файзии Даканӣ анъанаҳои назми классикии форс-тоҷик ва ҳиндӣ бо ҳам омезиш ёфтаанд.
Файзии Даканӣ дар наср ҳам дасти қавӣ доштааст. Ба қалами ӯ асари ахлоқии «Мавориду-л-қалам» (1577) ва тафсири Қуръон тааллуқ доранд. Файзии Даканӣ тазкирае низ тартиб дода будааст, ки нотамом мондааст. Баъзе асарҳои Файзии Даканӣ доир ба фалсафа, тиб, дин, ҳандаса, нуҷум ва адабиёт дастрас нагардидаанд. Руқаоти Файзии Даканиро хоҳарзода ва шогирдаш ба номи «Латифаи Файзӣ» мураттаб кардааст.
Файзии Даканӣ яке аз роҳбарони гурӯҳи махсуси тарҷумонҳо будааст. Тарҷумаҳои форсии як силсила осори барҷастаи маданияти қадими ҳиндуҳо аз таҳрири ӯ гузаштаанд. Ӯ худ низ «Лиловатӣ» ном рисолаи барои ҳисобро аз санскрит ба забони форсӣ гардонда, дар тарҷумаи ду қисмати «Маҳабҳарат» иштирок кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Файзии Даканӣ / А. Алимардонов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).