Файзулло Баротзода
Файзулло Баротзода | |
Таърихи таваллуд: | 10 феврал 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Файзулло Баротзода — шарқшинос, тарҷумон, номзади илмҳои филология, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Файзулло Баротзода (Файзулло Баротович Бобоев) 10 феврали соли 1962 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1979 баъди хатми мактаби миёна рақами 47 ноҳияи Ҳисор (ҳоло Шаҳри Ҳисор) ба факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ба гирифтани идрорпулии ба номи Б. Ғафуров ноил мегардад. Бобоев солҳои 1982-1983 дар Ҷумҳурии Либиё ба ҳайси тарҷумон хидмат кардааст. Забонҳои русӣ, арабӣ ва англисиро медонад. Баъд аз бозгаштан, ӯ соли 1985 бо дипломи аъло Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кард. Бобоев дар ш. Красноводски Туркманистон ба сифати тарҷумони забони арабӣ фаъолияти корияшро оғоз бахшида, баъд ба ҷумҳурии Сурияи Араб фиристода шуда, дар ин ҷо ба таҳияи дастури таълимӣ-техникии «Наставление по прорыву укрепленных районов» (Дастуруламал оид ба рахна кардани минтақаҳои истеҳкомӣ) шурӯъ мекунад. Соли 1989 лаборанти калони шуъбаи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор оғоз мекунад. Минбаъд ҳамчун ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва ходими пешбари илмӣ дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон машғули тадқиқоти илмӣ будааст. Соли 1995 рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Таърихномаи Балъамӣ ҳамчун сарчашмаи адабӣ» дифоъ намуд. Аз соли 2004 то соли 2007 ба ҳайси котиби илмии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии раёсати АИ ҶТ кор кардааст. Солҳои 2007-2009 докторанти Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва солҳои 2009-2011 муовини директори ҳамин Институт оид ба илм буд. Моҳҳои феврал-апрели соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Академияи илмҳои Тоҷикистон таъйин гардид. Моҳҳои апрел-сентябри ҳамин сол ба сифати ҷонишини директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ оид ба илм кор кардааст. Аз моҳи октябри соли 2011 то 13 феврали соли 2015 дар вазифаи ёвари президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Бо фармони Президенти ҶТ аз 13 феврали соли 2015 директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.[1]
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[2]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тадқиқоти илмии Ф. Баротзода ба омӯзиши асари «Таърихи Табарӣ» бахшида шуда, дар ин бобат бештар аз 30 мақолаи илмӣ ва 40 мақолаи илмӣ-оммавӣ чоп намудааст. Ӯ ҳамчунин доир ба масъалаҳои омӯзиши муқоисавии адабиёти араб ва тоҷик, фарҳанги исломӣ, Қуръон ва ҳадисшиносӣ тадқиқот анҷом дода, ба тарҷумаи ду сарчашмаи асосии ислом – Қуръону ҳадис (Саҳеҳи ал-Бухорӣ) низ машғул шудааст. Ӯ бо гузоришҳои илмӣ дар бештар аз 45 конференсия ва ҳамоишҳои илмӣ ширкат ва суханронӣ кардааст. Дар таҳия, тарҷума ва омодаи чоп намудани асарҳои зерин саҳми арзанда гузоштааст. Дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар тарҷумаву таълифи якчанд китобҳои нодир ба монанди "Қуръон", "Таърихи Табарӣ" ва диг. иштирок кардааст. Файзулло Бобоев дар якчанд сипозиуму машваратҳои бонуфузи байналхалқӣ бахшида ба масъалаҳои тамадун ва фарҳанги исломӣ ҳамчун мутахассис аз Тоҷикистон даъват гардида баромадҳои илмӣ кардааст. Дар чорабиниҳои байнидавлатии Тоҷикистон бо намояндагони мамолики исломӣ ӯ ҳамчун коршинос ва тарҷумон иштирок дошт.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Таърихи Табарӣ» дар 2 ҷилд. – Теҳрон, «Замон», 2001. – 1632 с.;
- «Саҳеҳи ал-Бухорӣ» дар 4 ҷилд. – Душанбе, «Эр-граф», 2004-2012. – 2120 с.;
- «Қуръони карим». – Душанбе, «Ирфон», 2007. – 602 с.;
- «Қуръони карим». – Душанбе, «Эр-граф», 2011. – 602 с.[3]
Бо ордени «Шарафи ҳарбӣ»-и Сурия мукофотонида шудааст.[4]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ↑ Баротзода Файзулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. 20 июни 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 апрели 2016.
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 170