Факултаи фарҳангшиносӣ (ДДФСТ)
Соли таъсисёбӣ | 1973 |
---|---|
Донишҷӯён | зиёд. 500 |
Фарҳангишиносӣ — яке аз факултаҳои Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" мебошад.
Таърихи факулта
[вироиш | вироиши манбаъ]Таъсисёбӣ: аз соли 1973 ҳамчун факултаи корҳои маданӣ-маърифатӣ ва аз соли 1993 бо унвони фарҳангшиносӣ фаъолият дорад, ки ҳоло бузургтарин факулта дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳисоб меравад. Кафедраҳо: фарҳангшиносӣ ва педагогика, режиссура, ансамбли мусиқии мардумӣ, эҷодиёти сарояндагони мардумӣ, санъати рақс, технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва туризм. Факулта аз рўи ихтисосу тахассусҳои зерин мутахассисонро тайёр менамояд:
- Мусиқии мардумӣ; - режиссураи намоишҳои театронидашуда ва идҳо; - хореграфия (рақси халқӣ); - туризм ва меҳмондорӣ; - менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ; - кори осорхона ва ҳифзи ёдгориҳои таърихии фарҳанӣ; - фарҳангшиносӣ; - сарояндагӣ (халқӣ).
Факултаи фарҳангшиносӣ соли 1967 дар заминаи факултаи санъати Донишкадаи педагогии ба номи Т.Г.Шевченко ҳамчун шуъба таъсис ёфтааст. Дар тўли фаъолияти 40-соли арзи вуҷуди худ факулта дар ташаккули системаи маълумоти олии фарҳангшиносӣ дар ҷумҳурӣ ҳиссаи сазовор гузошт. Аввалин шуда шуъбаҳои «Роҳбари оркестри ҳаваскорони созҳои халқӣ» ва «Роҳбари коллективҳои хори ҳаваскорон» ташкил ва ба фаъолият шурўъ карданд. Соли таҳсили 1975-76 факултаи корҳои маданию маърифатии донишкада қабули довталабонро ба тахассуси нав-«Ташкилотчӣ-методисти кори клуб» оғоз кард. Аз ҳаминвақтсар карда,мутахассисони соҳаи фарҳанг дар ду самт тайёр карда мешуданд. Ба сифати аввалин муаллимони кафедраҳои тахассусӣ А. Абдураҳмонов, И.А.Ҷўраев, Р.Ш. Шарипов, М. Салимов, Э. Азизов, Т. Соҳибов, К. Ҳалимов, Я. Юсупов, А. Азизова вадигарон аз бобби самтҳои мухталифи фарҳангшиносӣ дарс мегуфтанд. Аз соли 1974 факултаи корҳои маданию маърифатӣ ҳамчун факултаи алоҳида ба фаъолият оғоз намудва аввалин декани он номзади илмҳои таърих С.Р.Раҳимов таъйин шуд. Ҳоло декани факултаи фарҳангшиносӣ Лутфулло Ниёзов мебошад. Аз соли 1979 факулта ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ шурўъ намуд, ки барои неруи пурқаввати илмӣ дар соҳаи корҳои маданию маърифатӣ заминаи мусоид ба вуҷуд овард. Соли 1982 дар Институти маданияти Ленинград ба номи Н.К.Крупская (ҳоло Донишгоҳи фарҳанг ва санъати шаҳри Санкт-Петербург) якумин олими соҳа аз Тоҷикистон рисолаи номзадиро аз рўи тахассуси «Кори маданию маърифатӣ» дифоъ намуд, ки муаллифи он собиқ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Раҷабмад Амиров мебошад. Анъанаи таҳсил дар аспирантураи донишкадаҳои соҳавии шаҳри Ленинграду Москва аз тарафи Д.Н.Латифов, Б.Каримов, Б.Сафаралиев, Н.Ҳалимов, Р.Изатуллоев, А.Қаландаров, Р.Ниёзов, Ф.Мирахмедов, Ф.Қодиров, М.Турсунова ва дигарон идома ёфта рисолаҳои номзадӣ дифоъ карда шуданд. Соли 1993 бошад, Р.А.Амиров ба гирифтани унвониилмӣ – профессори соҳа мушараф гардид. Устодон Б.Сафаралиевва Д.Латипов аз рўи тахассуси «Назария, ташкил ва методикаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ» рисолаҳои докториро дар докторантураи донишгоҳҳои фарҳанги шаҳри Москва ва Санкт–Петербург дифоъ намуданд. Умуман, дар тайёрнамудани олимони соҳа саҳми устодони донишгоҳҳои шаҳрҳои Москва ва Санкт–Петербург хеле калон аст. Дар факулта як чанд коллективҳои эҷодию таълимӣ амал мекунанд, кионҳо як навъ лабараторияҳои эҷодии ба воя расонидани мутахассисони соҳаи эҷодиёти бадеии халқ ба шумор мераванд. Инҳо ансамбли рақсии «Бунафша», оркестри созҳои халқӣ, ансамбли созҳои халқӣ ва дигар коллективҳои эҷодии базавии донишҷўён мебошанд. Тўли фаъолияти худ факулта зиёда аз 4 ҳазор мутахассисони маълумоти олидорро тарбия кардааст. Имрўзҳо хатмкунандагони факулта дар вазифаҳои ректорони донишгоҳҳои соҳавӣ, сардори раёсати фарҳангӣ шаҳру ноҳияҳо ва директорони марказҳои фарҳангию фароғатӣ, режиссёрони театрҳои халқӣ ва касбӣ, сар балетмейстерҳои театру муаллимони омўзишгоҳҳои фарҳанг ва мусиқӣ, сарварони таълимгоҳҳо, навозандагони ансамблҳо, кормандони радиову телевизион адои хидмат доранд. Қисме аз онҳо бо унвонҳои ифтихорӣ сарфароз гардонидашуданд. Инҳо – Ҳунарпешагони мардуми Ҷумҳурӣ Ҷамшед Исмоилов, Баҳодур Неъматов, Муҳаммадӣ Абдурасулов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Амон Мусоев, Э. Раҳмониён коргардони маъруфи телевизион Ҳалим Сангинов, Ҳофизони халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов, шодравон Дўстмурод Алиев, режиссёрони боистеъдод Барзу Абдураззоқов, Р. Одинаев, З. Сафаров, Ҷ.Эркаев, И.Раҳмонов мебошанд ва факулта бо номи онҳо ифтихор дорад. Имрўз ба донишҷўёни факулта ҳайати бонуфузи профессорону омўзгорон ва устодони варзидаи ҳунари ҷумҳурӣ, аз қабилӣ: Д. Латипов, К. Ҳалимов, Н. Ҳалимов, М. Турсунова, Ф. Мирахмед, Ғ. Саидов, М. Искандаров, А. Ғуломов, Б. Миралибеков, Х. Назаров, Х. Рўзадоров, Р. Воҳидов, З. Казакова, Ҳ. Муъминова, М. Сафиева, Н. Неъматуллоев, Э. Раҳмониён, С. Қурбонов, Ф. Саидова, Н. Захарова, М. Сангов, Ш. Муҳиддинов, Ф. Саидов вадигар нозукиҳои санъату фарҳанг яро меомўзанд.
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сомонаи донишкада Бойгонӣ шудааст 2 октябри 2019 сол.