Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
(ДДФСТ ба номи М. Турсунзода) | |
---|---|
Соли таъсисёбӣ | 1973 |
Навъ | давлатӣ |
Ректор | Муҳриддин Низомӣ |
Донишҷӯён | зиёд. 2020 |
Сайт | www.ddst.tj |
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода — яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.
Маълумоти мухтасар
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкада соли 1973 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Мақоми донишкада мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1973 бо қарори Совети Вазирони ИҶШС ҳамчун Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Соли 1978 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон номи Мирзо Турсунзода дода шудааст. Соли 2003 аз сохтори ДДСТ ба номи М. Турсунзода факултаҳои равияи мусиқӣ ҷудо карда шуда асоси Консерваторияи миллии Тоҷикистонро ташкил намудаанд.
Факултаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Факултаи такмили ихтисос
- Факултаи фарҳангшиносӣ
- Факултаи режиссура, кино ва телевизион
- Факултаи санъати театрӣ
- Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ
- Факултаи санъати мусиқии мардумӣ
- Факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ
Кафедраҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кафедраи забонҳои хориҷӣ
- Кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ
- Кафедраи маҳорати актёрӣ
- Кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна
- Кафедраи Бойгоншиносӣ
- Кафедраи режиссура ва продюсерӣ
- Кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ
- Кафедраи мусиқии созӣ
- Кафедраи сарояндагии халқū
- Кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ
- Кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ
- Кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва туризм
- Кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ
- Кафедраи филология
- Кафедраи фортепианно ва гузориши овоз
- Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
- Кафедраи созӣ-иҷрокунандагӣ
- Кафедраи хореография
Маъмурият
[вироиш | вироиши манбаъ]Ректорони Донишкада:
- Маҳрам Файзов — доктори илмҳои филология[1]
- Мунзифа Ғаффорова — доктори илмҳои фалсафа, профессор,
- Меҳрубон Назаров — номзади илмҳои таърих, профессор,
- Тамара Абдушукурова — номзади илмҳои санъатшиноси, профессор,
- Раҷабмад Амиров — доктори илмҳои педагогика, профессор,
- Талабхӯҷа Сатторов — оҳангсоз, профессор,
- Ваҳоб Набиев — доктори илмҳои таърих, профессор,
- Аслиддин Низомов — доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор
- Диловар Латифзода — доктори илмҳои педагогика, профессор,
- Хайриддин Идиев — доктори илмҳои фалсафа, профессор[2][3]
- Муҳриддин Низомӣ — доктори илмҳои филология, аз 21 январи соли 2020 ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъйин гардид[4].
Устодони ҳунар
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амон Ҳамдамов — оҳангсоз, дирижёр,
- Ёқуб Сабзанов — оҳангсоз, дирижёр,
- Талабхӯҷа Сатторов — оҳангсоз, профессор,
- Ҷӯрахон Обидпур — навозанда, оҳангсоз, профессор,
- Қурбони Собир — ҳунарпешаи театр театр ва кино, профессор,
- Ҳошим Гадо — ҳунарпешаи театр ва кино, профессор,
- Барно Исҳоқова — сарояндаи шашмақом, дотсент
- Аҳмад Бобоқулов — сарояндаи шашмақом ва опера, профессор,
- Ҳанифа Мавлонова — сарояндаи опера, профессор,
Дастпарварони донишкада
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амирбеки Мусо — оҳангсоз, дирижёр,
- Маҳмадқул Давлатов — оҳангсоз, дирижёр,
- Ҷасур Халилов — оҳангсоз, роҳбари дастаи ҳунарии «Авесто»,
- Саидқул Билолов — сароянда, омӯзгор,
- Қурбони Собир — ҳунарпешаи театр, омӯзгор,
- Ортиқи Қодир — ҳунарпешаи театр, омӯзгор,
- Шералӣ Абдулқайсов — ҳунарпешаи театр, омӯзгор,
- Тағоймурод Розиқов — ҳунарпешаи театр, омӯзгор,
- Абдураҳим Раҳимов — китобшинос, олими соҳаи педагогика ва фарҳанг, номзади илм, собиқ Вазири фарҳанги Тоҷикистон.
- Сафар Сулаймонӣ — китобшинос, олими соҳаи педагогика ва фарҳанг, доктори илм.
- Шариф Комилзода — китобшинос, олими соҳаи педагогика ва фарҳанг, номзади илм.
- Сайдалӣ Муҳиддинов — таърихнигор, библиографияшинос, китобхонашинос, санъатшинос, олими соҳаи таърих, доктори илм.
- Шуҳрат Ашуров — оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.
- Силемоншо Ғуломшоев — таърихнигор, библиографияшинос, китобхонашинос, олими соҳаи таърих, номзади илм.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Олими забоншинос аз олам даргузашт(пайванди дастнорас)
- ↑ Дар бораи Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таъйин намудани Идиев Х. У.
- ↑ Таъиноти кадрӣ
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» таъйин намудани Низомӣ М. З.. president.tj. Президенти Тоҷикистон. 21 Январ 2020 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
|